Arzon admin
Сабзаалӣ Ҷаъфарзода: Шумораи довталабон имсол зиёд шуд
730

Имсол тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 99 ҳазору 722 нафар довталаб ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта зиёд аст. Дар ин хусус Сабзаалӣ Ҷаъфарзода, директори ММТ имрӯз дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ҷаъфарзода гуфт, ки дар давраи асосии бақайдгирии довталабон 78 ҳазору 231 довталаб номнавис шуда буданд. Дар миёни довталабон гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) аз ҳама серинтихобтарин ва гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) каминтихобтарин буданд.

“Шумораи хатмкунандагони синфи 11 дар соли ҷорӣ 101 562 нафарро ташкил дод, ки аз ин шумора 72 856 нафар дар давраи якуми бақайдгирӣ номнавис шуданд”,- гуфт директори ММТ.

Зикр шуд, ки дар давраи дуюми бақайдгирӣ 4311 нафар довталаби синфи 11 ва 1886 довталаби синфи 9 аз қайд гузаштаанд.

Ба таъкиди Сабзаалӣ Ҷаъфарзода, тибқи Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, ки бо қарори Ҳукумати кишвар аз 29.04.2023 тасдиқ шудааст, минбаъд ҳамасола бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД дар 4 давра гузаронида мешавад.

Директори ММТ гуфт, довталабони ба озмуни тақсимот роҳёфтае, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи ягон ихтисоси интихобкардаашон комёб нагардидаанд, ҳуқуқи иштирок дар озмуни тақсимоти такрориро доранд.

«Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод мегардад, баъд аз анҷоми муҳлати ҳуҷҷатсупории довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбшуда дар муассисаҳои таълимӣ омода ва дар сомонаи Марказ гузошта мешавад. Довталабон метавонанд аз рӯи ин рӯйхат гурӯҳи ихтисосҳоро интихоб намоянд»,- таъкид кард Сабзаалӣ Ҷаъфарзода.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД