arzon replenishment
Сабабҳои пайдошавии чинҳо дар атрофи чашм
10.06.2023
ОИЛА
788

Пӯсти атрофи чашм хеле нозук ва хушк аст, зеро дар он ҳамагӣ 2 ғадуди чарбӣ ҷойгир шудааст. Бо мурури вақт пӯсти ин мавзеъ хушктару тунуктар мегардад. Дар натиҷа рагчаҳои хунгарди зери пӯст намоёнтар мешаванд. Ҳавои ифлос, нури офтоб, обро кам нӯшидан боиси он мегардад, ки аллакай аз 20-солагӣ сар карда, дар атрофи чашм чинҳои хурд пайдо мешаванд.

Дар синни 30-40-солагӣ миқдори коллаген ва эластин дар ҷисм ба маротиб кам мегардаду барқароршавии сафеда чанд рӯзро дар бар мегирад. Дар натиҷа пӯсти атрофи чашм халта зала, варам мекунад.
Баъди 40-45-солагӣ ҷараёни азнавшавии ҳуҷайраҳо ва мубодилаи моддаҳо заиф гашта, чинҳо намоёнтар мегарданд.

Дар баробари тағйиротҳои синнусолӣ ҳолати пӯсти атрофи чашм аз истеъмоли об ва кори узвҳои дарунӣ аз қабили гурда вобастагӣ доранд. Вақте зан ғизои номукаммал истеъмол намуда, хоби дуруст намеравад ё косметикаи рӯяшро бо маҳлулҳои зарарнок тоза мекунад, ҳамаи ин ба ҳолати пӯсти чашм таъсири худро мегузорад.

Ҳамзамон, витамину микроэлементҳо, сатҳи ҳормонҳо, шамолу сардӣ, гармо ва хушкии ҳаво низ таъсири худро ба пӯсти ин мавзеи рӯй мегузоранд.

Ниқобҳои хонагӣ самараноканд, вале муъҷиза нишон намедиҳанд. Бо истифодаи ниқобҳои мазкур пӯстро ботароват, нарм ва чинҳои хурдро бартараф кардан мумкин аст. Боз ниқоб метавонад пӯстро сафед кунаду осори хастагиро рафъ. Мутаассифона, ниқобҳои хонагиву мағозагӣ наметавонанд ожангҳои чуқури рӯйро ҳамвор созанд.

Истифода бурдани ниқобҳо барои пӯсти атрофи чашм беҳуда аст, агар шумо ба саломатӣ диққат намедода бошед. Масалан, истеъмоли доруҳои асаб, дар як шабонарӯз камтар аз 7-8 соат хоб рафтан, рӯзи дароз назди компютер нишастан, ғизои нодуруст истеъмол кардан, ба ҳавои тоза набаромадан, витамин нахӯрдан бар зарари зебоӣ аст.

Дар тамоми фаслҳои сол ба беобшавии ҷисм роҳ надиҳед ва дар ҳавои офтобӣ молидани малҳами ҳифзкунандаро фаромӯш накунед.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки малҳаму ниқобҳоро ба пӯсти болои чашм намолед, вагарна имкони варам кардани чашм дар назар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД