Баҳор яке аз зеботарин фаслҳои сол буда, табиат қабои сабз ба бар мекунад ва дашту даман гулпӯш мегардад, вале имсол ба Тоҷикистони офтобии мо баҳор бо барфу боронҳои шадид омада, ҳаво сард шуд. Албатта, ин боиси авҷ гирифтани бемориҳои баҳорӣ мегардад. Мо дар бораи бемориҳое маълумот медиҳем, ки дар оғози фасли баҳор авҷ мегиранд.
Ба ҳар хел бемориҳо гирифтор шудани одамон айёми баҳор чанд сабаб дорад:
1. Ҷисми инсон дар давраи зимистон қариб тамоми захираҳои худро сарф карда, дар фасли баҳор бо мушкили норасоии витамину минералҳо рӯ ба рӯ мешавад. Ин боиси суст шудани масъуният (иммунитет) гашта, бунияи (организми) заифгашта наметавонад ба мисли пештара муқобили ҳар хел бемориҳо фаъолона мубориза барад.
2. Ҳавои баҳорӣ хеле инҷиқ буда, гоҳо офтоб мебарояду гоҳи дигар борону жола ва ҳатто баъзан барф ҳам меборад. Зуд-зуд тағйир ёфтани ҳарорати ҳаво ба саломатии мо - инсонҳо таъсири манфӣ мерасонад.
3. Аксари одамон бо мушоҳида намудани офтобаки баҳорӣ, дарҳол аз баҳри либоси гарм баромада, либосҳои тунук мепӯшанд. Ҳавои намнок, тез-тез гарму хунук шудани бадан ва заиф будани буния (иммунитет) боиси зуд шамол кашида, ба зуком, бронхит, назла (гайморит) ва дигар бемориҳои мавсимӣ гирифтор шудан мегардад.