Formula novemver 2024
Рӯзҳои наздик аз қарз халос мешавем
533

 

Соли 2022-ро бо се миллион мусофиркашонӣ ҷамъбаст карда будем.

Дар шаш моҳи аввали соли 2023 ду миллион мусофир интиқол дода шуд ва бо чунин раванди кор идома ёбад, ба чор миллион мусофир хоҳад расид, ки ин шумораи назаррас хоҳад буд.

Дилшод Сафарзода, директори Агентии авиатсияи граждании кишвар дар ин бора имрӯз дар нишасти хабарӣ иттилоъ доданд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки аз фурӯдгоҳи Хуҷанд асосан ширкати Сомон-Эйр ва Русия парвозҳоро анҷом медиҳад.

Ин ширкат дар ним солаи аввали соли 2023 тавассути хатсайрҳои мунтазами байналмиллалӣ ва маҳалӣ 360 130 мусофир интиқол додааст, ки дар ҳамин давраи соли гузашта 180 700 мусофир зиёд мебошад. Шумораи парвозҳо нисбат ба соли гузашта тамоми ширкатҳо си дарсад мусофиркашониро зиёд намудаанд.

Дар ин нишаст ҳамчунин вобаста ба иҷора гирифтани ду ҳавопаймоҳо аз ҷониби ҶСК “Тоҷик –Эйр” дар соли 2023 бо ҷониби Туркия шартномаро ба имзо расонид, ки барои овардани ин дуҳавопаймо ба шаҳри Душанбе омодагӣ дидааст ва ба наздикӣ ба парвозҳои худ оғоз менамояд. Хати паврозҳо дар асоси самтҳои таъинбуда, ки мувофиққа шудаанд, парвозҳо анҷом дод мешавад.

Дар масъалаи қарзҳои дохилии мо, ки 23 миллион сомониро дар бар мегирад, дубора ба суд муроҷиат кардем, умедворем, ки суд ба фоидаи ҶСК “Тоҷик-Эйр” ҳал шавад. Мушкилии қарзҳои дохила, ки тақрибан як миллион сомониро дарбар мегирад, рӯзҳои наздик ин мушкили ҳам бартараф хоҳад шуд.

Барои анҷом додани ҳаримҳои ҳавоӣ ҳамон 25 киллометр, ки миёни сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон муайян шудааст, истифода мебарем. Шумораи парвозҳои транзитӣ ба маротиб зиёд шудааст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД