Барои онҳое, ки давоми ҳафта ҳамагӣ 5 рӯз кор мекунанду рӯзҳои шанбеву якшанбе истироҳат, шояд ҳанӯз муаммо бошад, ки ин ду рӯзро чӣ гуна гузаронанд? Бо кори хона банд шаванд, ё ба фароғат? Мо барои шумо феҳристи чорабиниҳои рӯзҳои 22 ва 23-юми июлро омода кардем. Шинос шаведу интихоб кунед, ки ба кадомаш меравед:
Ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ дар Душанбе
Рӯзҳои истироҳат, 22-23-юми июл дар пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи арзон пешниҳоди сокинон мегардад.
Ярмаркаҳо дар рӯзи 22 июл:
- Дар “Кӯли ҷавонон” - деҳқонони ноҳияи Ашт маҳсулоти худро ба фурӯш мебароранд;
- “Боғи кӯдакон” - маҳсулоти хоҷагии қишлоқи ноҳияи Нуробод;
- Боғи Абулқосими Фирдавсӣ - аз ноҳияи Кушониён.
Ярмаркаҳои рӯзи 23 июл:
- Боғи Садриддин Айнӣ - маҳсулоти хоҷагии қишлоқи ноҳияи Мастчоҳ;
- Дар боғи “Хайём” - деҳқонони ноҳияи Файзобод;
- Дар “Боғи кӯдакон” метавон маҳсулоти ноҳияи Восеъро харид.
Нархҳои ярмаркаҳо:
нархи 1 кг картошка аз 4 то 4,50 сомонӣ;
пиёз - аз 1,80 то 2 сомонӣ;
сабзӣ - 3 сомонӣ;
дигар сабзавот - аз 3 то 5 сомонӣ;
гӯшти гов - 55 сомонӣ;
30 дона тухм - 27 сомонӣ;
меваҳо - аз 2 то 5 сомонӣ;
тарбуз барои як дона - 10-12 сомонӣ;
равған (5 литр) - 65 сомонӣ;
орд (50 кг) - 210 сомонӣ.
PRE-PARTY барои дӯстдорони мусиқӣ ва рақс
PRE-PARTY бо мақсади омодагӣ ба MUZA OUTDOORS, ки 22-23 июл баргузор мешавад, ташкил карда шудааст. Дар зиёфат шуморо мусиқии электронӣ ва рақсҳои тектоникӣ интизоранд.
Иштирокчиён:
- — SHOHROOZ;
- — AZZA;
- — SHA GEN.
Кай: 21 июл, соати 21:00
Дар куҷо: хиёбони Рӯдакӣ 126, Бар Zavod
Нарх: 30 сомонӣ
Тур ба Искандаркӯл
Дар бар мегирад:
- хатсайри рафту омад;
- - роҳбалад;
- - Хӯрок: хӯроки нисфирӯзӣ ва шом дар рӯзи аввал ва субҳона дар рӯзи дуюм;
- - истиқомат дар коттеҷҳо;
- - экскурсияҳои тамошобоб;
- - гулханафрӯзӣ дар шом.
Нарх: 430 сомонӣ
Кай: 22-23 июл
Рақамҳо барои тамос: +992 90 722 48 52; +992 00 222 16 00
Филми “Барби” ва “Мир кентавров”
Дар куҷо: Кинотеатри “Премьер зал” (Маркази савдои СИЁМА МОЛЛ)
Кай: 22 июл, соатҳои 16:40 ва 18:45
Нарх: аз 27 сомонӣ то 43 сомонӣ
Билетҳоро метавонед аз инҷо харед.
Шабнишинии мусиқавии MUZA OUTDOORS
Дар куҷо: Eco camp Tajikistan
Кай: 22-23 июл
Шуморо интизор аст:
- Фазои аҷиби лагер
- - трекҳо аз DJ-ҳои машҳур
- - Таом ва нӯшокиҳои болаззат.
Барои харидани чиптаҳо ба ин ҷо муроҷиат карда, сайри олами мусиқӣ намоед!
Вали дар Душанбе консерт дорад
Вали Ҳиҷозӣ бори дуюм барои дидор бо мухлисонаш ба Душанбе меояд ва консерти худро доир мекунад.
Кай: 24 июл, аз соати 19:00 то 21:00
Дар куҷо: Кохи Суруш
Нарх: аз 100 сомонӣ оғоз мешавад
Чиптаҳоро метавонед ин ҷо мустақим бихаред.
Вохӯрии аҳли санъат
Дар куҷо: кӯчаи Мирзо Турсунзода 49, боми маркази тиҷоратии "Пойтахт"
Кай: 23 июл
Нарх: барои калонсолон - 200 сомонӣ, барои кӯдакони аз 7 сола - 150 сомонӣ;
Шуморо интизор аст:
- 18:00 ҷамъшавии меҳмонон;
- - 18:20 Мастер-класси акрилӣ;
- - 20:00 суратгирӣ;
- - 20:10 филми “Женщина в золотом”.
- - 21:40 анҷоми чорабинӣ.
Мавзӯи чорабинӣ тилло аст. Меҳмонон тасвирҳои рассоми машҳур Густав Климтро тамошо мекунанд.
CAFA Futsal Cup-2023
Дар куҷо: кӯчаи Карамов 115, Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ
Кай: 23-30 июл
Нарх: аз 20 сомонӣ то 100 сомонӣ
Душанбе мизбони нахустин мусобиқоти тимҳои миллии футзал - CAFA Futsal Cup-2023-ро баргузор мекунад.