arzon replenishment
Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Тоҷикистон оғоз ёфт
306

 

Аз 16- ум то 18-уми октябри соли равон Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Тавре ки масъулини чорабинии мазкур ба Oila.tj иттилоъ доданд, ин чорабинӣ дар Ҷумҳурии Товикистон бори нахуст баргузор шуда, дар доираи он дирӯз вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдураҳмон ибни Ҳамад ибни Ҷосим оли Сонӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард.

Зикр шуд, ки ин ҳамоиши фарҳангӣ бо мақсади амалисозии созишномаи байнидавлатии Давлати Қатар бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ баргузор мегардад. Зимни чорабинӣ имрӯз вохӯрии вазирони фарҳанги ду кишвар дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуда, дар назар аст, ки шоми имрӯз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии Давлати Қатар дар Майдони 800-солагии Москва (саҳни Театри давлатии опера ва балет), инчунин маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангӣ дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир гардад.

Зикр шуд, ки рӯзҳои 17-ум ва 18-уми октябр соати 18:30 барномаи фарҳангии аҳли ҳунари Давлати Қатар пешкаши тамошобинон мегардад. Рӯзи 17- уми октябр боздиди ҳайати рамии Давлати Қатар аз шаҳри Нораки вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД