Аз 15 то 18-уми октябр дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин бора Вазорати фарҳанг хабар додааст.
Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ баргузор хоҳад гашт. Дар доираи ин чорабинии фарҳангӣ дар майдони 800-солагии Москваи шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумии Давлати Қатар ташкил карда мешавад.
Ҳайати расмӣ ва ҳунарии Давлати Қатар барои аз наздик шинос шудан бо таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик ва табиати зебои Тоҷикистон ба тамошои Осорхонаи миллӣ, «Кохи Наврӯз», Маҷмааи «Истиқлол» ва мавзеъҳои зебоманзари дараи Варзобу шаҳри Норак мераванд. Ба иттилои манбаъ, баргузории чорабиниҳои канории Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар шаҳри Норак дар назар дошта шудааст.
Дар доираи ин чорабинӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири фарҳанги Давлати Қатар мулоқот менамоянд.