Ҳунарманди 61-солаи ҳинд Санҷай Даттро аввали моҳи август бо гумони он ки ба бемории сироятии COVID-19 гирифтор шудааст, ба бемористон мебаранд, зеро ӯ аз нарасидани ҳаво ва душвор шудани нафаскашиаш шикоят мекард.
Ҷавоби тести ҳунарманд оид ба COVID-19 манфӣ баромадааст, вале табибон дар вуҷуди ӯ бемории саратони шушро ташхис кардаанд. Қарор аст, ҳунарманд барои табобат фавран ба Амрико сафар кунад, аммо бинобар баста будани марзҳо рафта наметавонад ва интизори боз шудани роҳҳост. Санҷай Датт изҳороти кӯтоҳеро дар саҳифаи Инстаграмаш нашр карда, аз мухлисонаш хоҳиш кардааст, ки воҳима накунанд ва дуогӯ бошанд.
“Бо мақсади беҳтар кардани вазъи саломатиам ба рухсатӣ баромадам. Боварӣ дорам, ки дар зудтарин фурсат ба корам бармегардам. Хавотир нашавед, ҳамааш хуб мешавад. Дӯстонам дар бари ман ҳастанд”,-навиштааст ҳунарманд.
Санҷай Датт се маротиба оиладор шуда, се фарзанд дорад, ки ду фарзанди хурдии ӯ ҳамагӣ 10 сол доранд. Ӯ давоми фаъолияти қариб 40-солаи худ дар зиёда аз 120 филми истеҳсоли синамогарони ҳинд нақш офаридааст.