Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 25-26-уми феврали соли ҷорӣ вобаста ба воридшавии анбӯҳи ҳавои сард ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавои ноустувор бо зуҳуроти хавфноки табиӣ пешгӯӣ мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, санаи 25-уми феврал дар бештари минтақаҳои водию доманакӯҳӣ ва шаҳри Душанбе боришоти борон дар назар аст. Дар минтақаҳои кӯҳӣ охири рӯз боришоти борон ба барф табдил меёбад. Дар ағбаҳо ва минтақаҳои баландкӯҳӣ асосан боришоти барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо боришоти бошиддат пешгӯӣ мешавад.
Санаи 26-уми феврал дар водиҳо шабона боришоти борон ба барф гузашта, рӯзона барф, дар ноҳияҳои кӯҳӣ асосан барф меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида боришоти бошиддат пешгӯӣ мешавад. Дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ба истисно аз минтақаҳои баландкӯҳӣ пастшавии ҳарорати ҳаво то 10-12º дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шимолу ғарб бо суръати то 9-14м/с, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 20-25 м/с мевазад.
Дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии ҷумҳурӣ шароити номусоиди вазъи обу ҳаво, аз ҷумла хавфи сар задани зуҳуроти тарма, яхбандӣ, фаромадани тормеғ ва бадшавии дурии биниш пешгӯӣ мешавад.
Рӯзҳои 25-27-уми феврал бинобар сабаби боришот дар баъзе минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шоҳроҳи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (километрҳои 62-74-уми шоҳроҳ) ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани зуҳуроти тарма пешгӯӣ мешавад.
Ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия дода мешавад, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии ҷумҳурӣ чораҳои эҳтиётиро пеша намоянд.