tobiston
Рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон дар Ҷопон ҷашн гирифта мешавад
106

Дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии «Экспо-2025» дар шаҳри Осакеи Ҷопон санаи 27-уми июн Рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуотии Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар додааст.

Зимни мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Раҷабзода Ҳайдар Усмон бо сафири Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Фурута Кейко ин масъала мавриди баррасӣ қарор гирифта, сафир ваъда додааст, ки дар баргузор намудани Рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон дар Ҷопон бо иштироки ҳайати намояндагони фарҳангу ҳунари тоҷик ва соҳибкорони ватанӣ дар ин чорабинӣ кумак мерасонад.

Раҷабзода ба сафир барои дастгирӣ ва маблағгузории кишвари Ҷопон ба иқтисодиёти Тоҷикистон миннатдорӣ баён карда, изҳори умедворӣ намудааст, ки дар оянда муносибати ду кишвар боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД