Sebiston new 2024 october
РӯЗИ ТӮЯМ МАРГИ ПАДАРУ МОДАРАМРО ШУНИДАМУ...
7509

«Духтари сархур” ман ин ибораро аз замоне, ки худамро мешинохтагӣ шудам, тез-тез аз забони атрофиён мешунидам.

Тағову янгаам, агар рӯзе даҳ бор маро “духтари сархӯр” нагӯянд, хобашон намебурд. Аввалҳо ҳайрон мешудам, ки чаро ҳама падару модар доранду ман не, вақте дар куҷо будани волидонамро пурсон мешудам, бибиям мегуфт, ки падару модари ту дар Амрико кору зиндагӣ мекунанд. Мани кӯча бо чашмони чор рӯз то бегоҳ роҳи онҳоро мепоидам, вале рӯзҳову ҳафтаҳову солҳо турнасон мегузаштанду падару модарам ягон бор на занг мезаданд ва на меомаданд. Дар қаъри дилам нисбат ба волидонам нафрат доштам, ки маро партофта дар ким-куҷоҳо айшу нӯш доранд.

Ҳамин тавр бо мурури замон 18-сола шудам. Мактабро хатм кардаму хостгорон дари хонаи бибиямро мекуфтагӣ шуданд ва маро ба як ҷавони зебо, ки аз оилаи зиёӣ буд, фотиҳа карданд. Базми арӯсиам наздик мешуд ва ман ҳар рӯз бибиамро ҷонбезор мекардам,ки агар падару модарам дар рӯзи тӯям иштирок накунанд, дигар ба рӯяшон нигоҳ намекунам.

Ниҳоят косаи сабри бибиам лабрез гашт ва рӯзи тӯям маро ба оғӯш гирифта, зор-зор гирякунон гуфт: “Падару модарат дар тӯйи ту иштирок карда наметавонанд, чунки ҳанӯз дар серӯзагиат модарат аз дунё чашм пӯшида буд. Падаратон замон дар Русия дар сохтумон кор мекард. Азбаски модаратро сахт дӯст медошт, вақте хабари марги занашро ба ӯ мерасонанд, сараш чарх зада аз шёнаи 7-ум меафтад. Табибон ҷони ӯро наҷот дода натавонистанду падарат низ аз думболи модарат ин дунёро абадан тарк гуфт. Ҳамин тавр ту дар серӯзагиат ятими кӯл шуда мондӣ духтаракам ва мани кампир туро бо азобҳои зиёд парварда ба воя расондам. Қабри падару модарат дар мазори болои деҳаамон аст. Инро аз он хотир аз аввал нагуфтам, ки дили кӯчакат шикаста, худро ба ягон фалокат гирифтор насозӣ, Шаҳидаҷон!”

Бибиям ин суханҳоро мегуфту бо амал гиря мекард, аммо маро гӯё барқ зада бошад, карахту беҳис будам.

Пас аз каме ба худ омаданам бибиам маро ба сари гӯри падару модарам бурд. Рӯйканону мӯйканон “очаҷон, дадаҷон” -гӯён, хоки мазорашонро ба дида мемолидам ва сарамро ба сангҳо мезадам, аммо тақдири шумро тадбир карда намешуд...
Маро бо азобҳои алим ба хона оварданд.Тӯйи арӯсӣ хушбахттарин рӯз дар ҳаёти инсон аст, вале мани ятим дар рӯзи тӯям хабари ҷонсӯзи марги падару модарамро фаҳмида, худро бадбахттарин одами рӯйи замин эҳсос мекардам.

Ҳамин тавр тағову бибиям бо чашмони пуроб ба ман дуо доданд ва зор-зор гириста ба мошини бо гулу лентаҳои рангоранг оро дода шуда, ки домод барои ба хонаашон бурдани мани арӯсак оварда буд, нишастам. Ҳаққу ҳамсояҳо баробари ман ашк мерехтанд...

Худоро шукр мегӯям, ки дар тақдирам шавҳари меҳрубон ва оилаи соҳиб эҳтиром навишта шуда будааст. Аз зиндагиям шиква надорам, вале бидуни падару модар зиндагӣ бароям рангу маънӣ надорад. Ҳамеша ин чаҳор мисра шеърро, ки гӯё маҳз дар васли ман эҷод гаштааст, зери лаб такрор карда, ба ёди падару модари ҷавонмаргам мегирям:

Гули серӯза будам,модарам мурд.

Маро бар доя доданд, доя ҳам мурд.

Маробо шгири буз омӯхта карданд,

Зи бахти бад бузу бузғола ҳам мурд.

Хонандагони азиз! Ба қадри волидонатон бирасед, зеро падару модар ганҷи ноёбанд!  

Шоҳидабону

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД