arzon replenishment
Рӯзи ид рӯза гирӣ, савоб мегирӣ?
2617

 

- Мегӯянд, ки рӯзи ид рӯза доштан аз субҳи содиқ то намози ид савоб аст? Тарзи ният ва дуояшро мегуфтед.

Аминҷон, ш. Ваҳдат

 -Дар рӯзи иди Қурбон нияти рӯзаи нафл кардан аз субҳ то вақти гузоридани намози ид мустаҳаб аст, аммо на дар иди саиди рамазон. Дар рӯзи иди Фитр пеш аз рафтан ба идгоҳ ширинӣ ё ҳар чизи дигаре тановул кардан мустаҳаб ва савоб аст. 

-Хутбаи намози Ид суннат аст ё фарз? Шахс хутбаро надонад ва нахонад, чӣ ҳукм дорад?

Мубориз, ш. Ҳисор

-Хутбаи намози идайн суннат аст, намози идайн бидуни хутба бо кароҳият дуруст мешавад.

-Пеш аз моҳи Рамазон ман бо дӯстдоштаам фотеҳа шудем ва қарор буд, ки баъди ид тӯй шавем. Тарафи духтар “дар мобайни ду ид, яъне Рамазону Қурбон тӯй кардан мумкин нест”-гуфта, тӯйро баъди Иди Қурбон гузоштанӣ ҳастанд. Мехостам ба ин масъала равшанӣ андозед.

Сорбон, ш. Душанбе

- Ман намедонам, ки дар байни мардуми мо бехосият будани никоҳи миёни идайн аз куҷо пайдо шуда бошад, баръакс, никоҳи байни ду ид хуб аст. Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) бо модаралмуъминин Оишаи сиддиқа (р) дар байни ду ид хонадор шудаанд.

-Ман ду сол дар хизмати аскарӣ будам ва рӯза надоштам. Мегӯянд, ки ба ҳар як рӯзи қарздориам, бояд 61 рӯз рӯза гирам. Оё дар ҳақиқат чунин аст?

Абдувалӣ Сатторов, н. Вахш.

-Модоме, ки шумо 2 сол ба сабаби шароит набудан, яъне бо узр доштан, рӯза нагирифтед, танҳо 2 моҳ қазои дусоларо гиред, кофист...

(Суҳбати Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзодаро дар шакли пурра дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикисон” мутолиа намоед)

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД