goodwell
Рӯзи фарҳанги Хатлон дар шаҳри Душанбе
27.08.2026
Oila.tj
95

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон рӯзи шанбе, 29-уми август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мегардад.

Дар доираи ин чорабинӣ баргузории барномаи консертӣ, намоиши дастовардҳои фарҳангию ҳунарҳои мардумӣ ва фурӯши маҳсулоти кишоварзию саноатии истеҳсоли Хатлон дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд бо суннатҳои неки ниёгон ва фарҳанги пурғановати мардуми Хатлонзамин аз наздик шинос шаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД