Sebiston new 2024 october
“Рӯзи дониш” дар мактаби №8
1210


Ҳамсола 1-сентябр ҳамчун “Рӯзи дониш” таҷлил гашта, тамоми мактабу донишкадаҳои кишварамон баъди таътили тобистона дарҳои худро ба рӯйи толибилмон боз мекунанд.

Имсол хабарнигорони сомонаи Оила. ТЧ дар Рӯзи дониш аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и пойтахт дидан намуданд.

Саҳни мактаб ба таври идона оро дода шуда, толибилмон бо сару либоси нави мактабӣ ва вақти хушу табъи болида қадам ба остонаи ин даргоҳи илму маърифат мегузоштанд, махсусан шодиву хурсандии писарак ва духтаракони хушлибосу дӯстрӯяке, ки ба синфи 1 қабул шуда, бори аввал қадам ба остонаи мактаб ниҳода буданд, интиҳо надошт. Онҳо бо гулу гулбастаҳо вориди мактаб гашта, ба ҳамин васила меҳру ихлоси кӯдаконаи худро ба муаллимон баён мекарданд.

малима Тавре ки Роҳила Юлдошева, муовини директоре мактаб зимни сӯҳбат ба мо гуфт:
“Дар МТМУ № 8-и шаҳри Душанбе 4500 нафар хонандагон дар ду баст таҳсил мекунанд. Соли ҷорӣ 514 нафар кӯдакон ба синфи 1 қабул шуда, дар 13 синф-11 синф и русӣ ва 2 синфи тоҷикӣ таҳсил мекунанд. Дар мактаб ба толибилмон 4 забон-тоҷикӣ, русӣ, немисӣ ва англисӣ омӯзонида мешавад.”
Норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар ин муассисаи таълимӣ ба назар намерасад, зеро мактаб бо донишгоҳу донишкадаҳои олии пойтахт ҳамкории зич дошта, ҳамасола аз ҳисоби хатмкунандагони ин донишкадаҳо ҳайъати омӯзгорон бо кадрҳои ҷавон пурра гардонида мешавад.

Роҳила Юлдошева мегӯяд, сатҳи таълим дар мактаб хеле баланд буда, ҳамасола хонандагони ин муассисаи таълимӣ ба дастовардҳои зиёде ноил мегарданд. Аз ҷумла, соли гузашта 17 нафар хонандагон дар олимпиадаҳои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3 гаштанд.
Дар соли 2022 ин даргоҳи маърифатро 299 нафар хатм намуданд ва аз ин шумора 20 нафарашон ба донишгоҳҳои хориҷа, 272 нафарашон ба донишгоҳҳои Тоҷикистон дохил гаштанд. Аз байни 299 хатмкунанда танҳо 7 нафар бо сабабҳои иқтисодӣ ба донишгоҳ дохил нашудаанд.

Бачаҳо таътили тбистонаро чӣ хел гузарониданд ва ба соли нави таҳсил омодагиашон чи гуна аст? Барои ба ин савол ҷавоб гирифтан мо бо чанд нафар толибилмни ин мактаб ҳамсӯҳбат гаштем.

Зоирзода

Зоидова Розиямоҳ:
Тобистон бо китобхонӣ гузашт

Ман таътили тобистонаро бо хондани китобҳои бадеӣ ва тамошои дигар шаҳру ноҳияҳои кишварамон гузаронидам. Дар мудати 3 моҳ з асари бадеъиро хонда тамом кардам, ки ҳар якашон зиёда аз 500 саҳифа дошта, хеле шавқовару ҷолиб буданд. Омодагиам ба соли нави хониш бад нест, чунки дар мактаби мо тамоми шароитҳои хониш муҳайё буда, ҳамаи хонандагон бо китобҳои нав таъмин ҳастанд.

 

Усмонова Марям

Марям Усмонова:
Забони англисӣ омӯхтам


Ман таътили тобистонаро бо хонандани китобҳои бадеӣи бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ гузаронидам. Ба ғайр аз ин, шеърҳои зиёде азёд кардам. Аксари шеъҳои аз бар намудаам аз шоирони классики тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Абӯалӣ ибни Сино аст, повестҳои Садриддин Айниро низ бори дигар варақ задам. Рӯзҳои истирҳат ба тамошои манзараҳои зебои табиат мерафтем. Умуман, тобистон хеле гуворо гузашт ва шодам, ки дубора дарсҳо сар шуданд ва боз ба дидори ҳамсинфонам расидам. Мехоҳам пас аз хатми мактаб ба факултаи дорусозии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, барои халқу Ватани азизамон софдилона ва содиқона хизмат намоям.

начибудлоева
Шаҳзода Назрихуҷаева:
Ҷойҳои таърихиро тамошо кардам


Ман таътили тобистонаро бо сайругашт дар ҷойҳои таърихии кишварамон гузаронидам ва аз таърихи миллити худ огоҳ шудам. Соли нави хонишро бо дили гарм ва руҳи блида сар карда, умед дорам, ки баъди хатми мактаб ба факултети шарқшиносии донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, забонҳои хориҷиро омӯзам. Бузургонамон беҳуда нагуфтаанд: “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ”, омӯхтани забонҳои хориҷӣ муҳим буда, дарвозаҳои оламро ба рӯйи кас мекушояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД