arzon replenishment
РӮЗЕ 6 БОР БА САРИ ҚАБРИ КАРИМ МЕРАФТАМ...
4412

 

Зайнаб Исматова 7 декабри соли 1992 дар деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат ба дунё омадааст. Ӯ дар оила фарзанди ҳаштум аст. Мутаассифона, бо бемории номаълум 8 нафар апаву акаву додараш аз олам даргузаштанду як худи ӯ зинда монд.

Модараш Мавҷуда ва падараш Нозим соли 1999 бо тақозои вақт ва омилҳои хушунати оилавӣ аз ҳамдигар ҷудо шуданд. Зайнаб ҳамроҳи модараш монду падараш ба муҳоҷират рафт. 1 – уми сентябри ҳамон сол ӯро ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бурданд.

Таҳсил дар мактаб барои духтарак сахту душвор буд. Таҳқири ҳамсинфон, таънаи дӯстон, маломати устодон ва азияти даврон барояш мушкилӣ месохту раванди таълимашро вазнин мекард. Аммо ӯ орзу дошт ва бисёр мехост, ки бузург шаваду баъди хатми мактаб шоҳиди таҳсил дар донишгоҳ шавад. Вале ...

- Бибии модарӣ ва бобои падариам хеш буданд. Падару модарам ҳам. Вақте модарам 7 кӯдак ба дунё овард, ҳамаашон аз сабаби никоҳи хешутаборӣ доштан фавтиданд. Хушбахтона, ман зинда мондам. Баъади ман додарам ба дунё омад. Шод будам, ки танҳо ба воя намерасам, аммо дар синни якуним солагӣ додарчаам аз дунё гузашт. Баъди сари додарчаам Азимҷон падару модарам аз ҳамдигар ҷудо шуданд” – нақл кард Зайнаб бо ашкҳои сӯзон.

- Дар суҳбати телефонӣ гуфтед, ки донишҷӯ шудан мехостед. Чаро талош накардед?

- Ҳазорҳо бор кӯшиш кардам, аммо аз сабаби оне ки модарам шароит надошт, таҳсил карда натавонистам.

- Хонашин шудед?

- Қариб ҳамин тавр. Дар назди як дӯзанда шогирд истодам. Шукр, ки омӯхтам ва ҳоло аз ҳисоби ин ҳунарам нон меёбам.

- Азиятдидаи ишқам гуфтед. Чӣ гуна?

- Дар 17 - солагӣ як ҷавонро дӯст доштам. Ӯ аз ман як сол калон буд. Ошчунон ошиқаш гашта будам, ки мехостам ҳар сония бинамаш, вале наметавонистам.

- Метарсидед ё чизи дигаре сабаб буд?

- Метарсидам.

- Аз кӣ ё чӣ?

- Аз гапи мардум. Мехостам ҳамроҳаш чун ду ошиқ ҳарф занам, аммо наметавонистам. Сабабашро намедонам, ростӣ. Ким чӣ хел як кунҷи дилам сиёҳ буд.

- Ҷавон барои ба даст овардани дили шумо талош дошт?

- Бале! Ӯ ҳарчанд кӯшиш мекард, ман ҳамроҳаш гап назадам. Бовар кунед, бисёр мехостам якҷоя бошем. Ҳатто агар як рӯз намедидамаш, хаёлам кадом як чизи муҳимеро гум кардаам. То бегоҳ бе сару калоба мегаштам.

- Қисмататон чӣ шуд? Ба ҳамдигар расидед?

- Не! Вақте аз эҳсоси дӯстдории ман 5 сол гузашт, маро барои истиқомат ба дигар ҷой фиристоданд. Ошиқам дар деҳаи Симинганҷ мезист, ман дар Амоншайхӣ. Мутаассифона, ӯро аз даст додам.

- Ӯ оиладор шуд?

- Не, рӯзи 8 августи соли 2010 ӯ худкушӣ кард (мегиряд). Дилам пур аз алам шуд. Ҳаёт бароям бегона намуд. Хостам, ки ман ҳам худкушӣ карда, ба наздаш равам, вале модари пири аламдорамро танҳо гузошта наметавонистам.

- Кӯшиши фаромӯш карданашро накардед?

- Ҳазорҳо бор хостам фаромӯшаш кунам, амо натавонистам. Тасмим гирифтам, ки бо ҷавони дигар гап занам ё шавҳар кунаму ишқашро аз қалбам ронам, аммо боз ҳам нашуд.

 

- Ҷавон чӣ ном дошт?

- Карим.

- Чӣ боиси худкушии ӯ шуд?

- Карим гирифтори касалии руҳӣ буд (боз ҳам мегиряд). Як рӯз дар замини корамашон худро ба дор овехт.

- Шумо инро медонистед?

- Бале, ман медонистам, аммо бо вуҷуди ин ӯро дӯст медоштам.

- Баъди марги ӯ чӣ кор кардед? Ба шавҳар баромадед ё ошиқи нав ёфтед?

- Дугонаҳоям дар пеши ман оид ба ӯ бисёр сухан мегуфтанд, аммо ман чизеро намефаҳмидам. Ҳамеша сукут мекардам ва бо касе гап намезадам. Медонед, ба сари қабраш мерафтам. Дар як рӯз ҳатто то шаш бор (талху бесадо мегиряд).

- Худатонро ба даст гиред. Ба ин оилаатон монеъ набуд?

- Баъзан ҷанг мекарданд, аммо ман парво надоштам.

- Ҳоло ҳам меравед?

- Не! Вақте дидам, ки бо рафтанам ба зиёрати қабраш сӯзиши дилам бисёртар мешуд, тарки Симинганҷ кардам.

- Ба куҷо рафтед?

- Ба деҳаи Чорбоғ.

- Дар хонаи кӣ мезистед?

- Дар хонаи падарам, ки аз мо ҷудо зиндагӣ мекард.

- Баъди марги Карим шавҳар накардед?

- Аз мурдани ӯ шаш сол гузашт, ки ба ман хостгор омад. Пештар аз он ҳам талабгори зиёд доштам, аммо чун азизи дилам нав мурда буд, қабул намекардам.

- Хостгори навбатиро қабул кардед?

- Вақте Ҳизбуллоҳ ба хостгориам омад, дар аввал рад кардам. Аммо ба худ гуфтам, ки духтар бояд хонаи обод дошта бошад. Бинобар ин, қабул кардам.

- Хостгор аз куҷо буд?

- Деҳаи Қашангии шаҳри Ваҳдат.

- То ҳол бо ӯ зиндагӣ доред?

- Не, Мудати 3 сол зиндагӣ кардам. Дидам, ки намешавад, роҳи хонаи тағоямро пеш гирифтам.

- Чаро ҷудо шудед?

- Вақте маро фотиҳа карданд, онҳо барои пули қалинг (маҳр) ҷанг карданд. Тарафи мо пул гуфту тарафи домод молу чиз. Бовар кунед, ба мисли беваҳо шавҳар кардам.

- Кадом сол оиладор шудед?

- Соли2016 тӯямон барпо шуд.

- Гуфтед дар хонаи падар мезистам. Модаратон розӣ буд баъд?

- Не, модарам розӣ набуд, лекин ман гуфтам майлаш чӣ қадар пуле, ки оварданд, розӣ шавед. Монед, ки акнун зиндагиамро обод кунам. Лекин мутаассифона, нафаҳмидам, ки бо дасти худам рӯзамро сиёҳ мекунам.

- Яъне, чӣ тавр ҳаётатонро бо дасти худ сӯхтед?

- Вақте ба оилаи онҳо келин шудам, дар аввал зиндагиамон ором буд. Аммо баъдтар дар хонаашон ҷангҳо сар шуд. Ҳатто а якдигар кордкашӣ мекарданд. Ба сари мани келинчак низ корд мебардоштанд.

- Аслан кӣ азобатон медод?

- Хушдоманам бисёртар ташвишам медод.

- Масалан чӣ тавр?

- Як саҳар вақти ҳавлирӯбӣ хушдоманам хост, ки бо ҷорӯби сиёҳе, ки зери оташдонро мерӯфтем, ба рӯям занад, аммо ман аз дасташ дошта, ҷорӯбашро кашида гирифтам. Ӯ ба писараш занг заду “биё, ин қанчиқи бесоҳибатро гирифта бар” гуфт. Вақте писараш омад, гиря карда, талаб намудам, ки ҷавобамро диҳад. Ӯ маро то истгоҳи таксиҳо овард ва баъд талоқамро дод. Ҳамин тавр, баъди 3 соли зиндагӣ ба хонаамон омад.

- Падараш дар куҷо буд?

- Падараш як террористи ваҳшӣ ва аъзои кадом як равияи зиддидавлатӣ буд. Вақте ман ба хонаашон омадам, ӯ аллакай дар маҳбас менишаст, зеро аз тарафи милитсия дастгираш карда буданд.

- Дигар шавҳар накардед?

- Не, шавҳар накардам, аммо бо як ҷавон муносибати ошиқона дорем.

- Аз ишқ як бор зарбаи сахт хӯрдед. Чаро боз такрор кардед?

- Танҳо мехостам, ки ишқи Карими номурод аз дилам берун шавад. Маҳз ба ҳамин хотир ишқашро қабул кардам.

- Ӯ кист?

- Номаш Раҷабмурод. Зода ва сокини шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) аст.

- Чӣ гуна шинос шудед

- Бо воситаи анкетаи овозӣ бо Усмон ном додараш дӯст шудем. Баъд ӯ аз ман хост, ки рақами ягон дугонаамро барояш диҳам. Розӣ шудам ба шарте, ки ӯ ҳам ин корро кунад.

- Ва рақами акаашро дод?

- Бале. Ман рақами духтари ҳамсояро ба ӯ додаму байни онҳо муносибат ташкил кардам.

- Чӣ қадар вақт гузашт аз ин рӯдод?

- Рӯзи 15 октябри ҳамин сол буд.

- Ҳозир муносибататон хуб аст?

- Бале, аз муҳаббати зиёд як бор овозашро вақти гап заданамон сабт карда будам. Агар рӯзе ӯ кори бисёр дошта, занг зада натавонад, ман садояшро аз сабт гӯш мекунаму ором мешавам.

- Чӣ омил то ҳол муносибати шуморо нигоҳ доштааст?

- Монанд будани хислатҳояш ба Карим.

- Ҳамроҳаш боре даъво кардаед?

- Боре аҳволам бад шуд. Банди дилам чанд рӯз дард кард. Раҷаб инро намедонист. Чанд рӯз ҳамроҳаш тамос гирифта натавонистам.

- Шумо дар куҷо будед?

- Дар беморхона будам. Давоми як моҳ бистариам карданд. Дар ин муддат ҳамроҳаш ҳарф назадам.

- Чаро?

- Чунки як моҳ беҳушу беёд хобидам.

- Ошиқатон нафаҳмид?

- Вақте ба ҳуш омадаму ҷавобам доданд, зангаш задам, аммо рақамаш дар дасти бародараш буд. Баъд худаш субҳ занг зад. Гуфтам, ки телефонам дар таъмир буд. Аммо дар ин муддат дугонаам Майгуна, ки дӯстдоштаи Усмон буд, ба бародари калонии Раҷаб мегӯяд, ки Зайнаб вафот кард. Акааш ин хабарро ба ӯ гуфтааст. Раҷаб чанд бор ба ман занг мезанад, аммо телефонам хомӯш буд. Як бор писари тағоям ба телефон посух мегӯяд.Раҷаб дуруст будани шумхабарро мепурсад ва ҷиянам ҳам шӯхикунон тасдиқ мекунад.

- Раҷаб аз зинда буданатон чӣтавр огоҳ шуд?

- Бо воситаи имо ба бародараш видеоӣ тамос гирифтам. Ӯ телефонро ба додараш дод ва ҳамин тавр, Раҷаб бовар кард, ки ман зиндаам.

- Тақдири Майгуна чӣ шуд7

- Бо ӯ қаҳрием.

- Ӯ чӣ вокуниш кард?

- Раҷаб дар аввал асабӣ шуд. Аммо вақте фаҳмид, зиқ шуду гуфт, ки ин чӣ кори кардаашон буд. Давоми ин як моҳ фақат ба суратҳои беҷони ту менигаристм ва дуо мекардам, ки кош дурӯғ бошад. Сад шукр, ки дурӯғ баромад.

- Агар ӯ оиладор шавад, робитаатон хотима меёбад?

- Доим ман ин саволро ба ӯ медиҳам. Мегӯям, ки вақте ту зан гирифтӣ, маро фаромӯш мекунӣ, аммо ӯ ҳамеша “не, ин тавр намешавад” мегӯяд. Ҳатто мисол меорад, ки давоми як моҳи бемориам ҳарчанд боре гап назадем, аммо туро фаромӯш накардам.

- Мақсад аз ин муҳаббат чист? Оиладорӣ ё фаромӯш кардани хотироти Карим?

- Раҷаб аз ман 5 сол хурд аст. Бо оғоз кардани муносибат бо ӯ фикр кардам, ки шояд ишқи Карим аз ёдам барояд, аммо он дубора зинда шуд ва боз ба ин дарди бедаво гирифтор шудам.

- Раҷаб пешниҳоди оиладорӣ кард?

- Хонаводаашон иозаташ надод. Ба ӯ гуфтам, ки маро нагирӣ ҳам фақат то оиладоршавиаш муносибататро накан, кофист.

- Ӯ тавонист ҷойи Каримро гирад?

- Қисман бале. Акнун Каримро камтар ба ёд меорам.

- Карим ишқи мактабӣ буд?

- Бале, ману ӯ дар як мактаб мехондем.

- Кадом мактаб?

- Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 ба номи Нӯъмон Розик.

- Худи ҷавон аз ин ишқ огоҳӣ дошт?

- Не огоҳ набуд ба фикрам.

- Ба ӯ чаро нагуфтед?

- Натавонистам. Лекин вақте ки Карим як рӯз ба мактаб намерафт, он рӯз мактаб дар назари ман холӣ менамуд. Ягон баҳона меёфтаму ҷавоб гирифта, ба хона меомадам.

- Акнун интихобатон чӣ гуна аст? Муносибататон бо Раҷабмурод чӣ мешавад? Дигар шавҳар карданӣ нестед?

- Рости гап, намедонам. Муносибатамон то ҳол давом дорад.

- Умед дорем, ки ин дафъа хушбахт мешавед.

- Худам ҳам бо ҳамин умедам.

- Сипос барои мусоҳибаи ҷолиб!

- Раҳмат, ки маро гӯш кардед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД