arzon replenishment
Рӯзаи марди “занкалон” қабул мешавад?
715

 

Ҳамин сол ҳамсарам каме нотоб аст. Бо вуҷуди ин, рӯза медорад. Чун дар боғча кор мекунад, бегоҳ хона меояд, ки тамоман қувват надорад. Бинобар ин, дар рӯзҳои Рамазон худам таом мепазам. Модарам мегӯяд, ки рӯзаи зани ту қабул нест, зеро ба ту хизмат карда наметавонад ва ҳамчунин маро “занкалон” гуфта, сарзаниш мекунад. Шариати Ислом чӣ назар дорад? Оё рӯзаи мо қабул мешавад?

МУРОДҶОН, ш. Хуҷанд

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ

- Бародари азиз, рӯза ба он ки шумо ё ҳамсаратон ё модаратон хӯрок мепазед, чӣ алоқа дорад? Рӯза яке аз фарзҳои дини Ислом аст ва ҳар як мусалмон бояд аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб аз хӯрдану нӯшидан даст кашад.

Дар масъалаи кӯмак ба ҳамсаратон гуфтанием, ки марди ҳақиқӣ натанҳо ба ҳамсараш, балки умуман ба ҷинси латиф бояд ҳамеша дасти кӯмак ва шафқат дароз намояд. Махсусан дар давраи рамазон ёрӣ расонидан ва дастгирӣ кардани занон амали хайру савоб аст. Паёмбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) дар ин кор намунаи ибрати тамоми мардони мусалмонанд. Пайғамбарамон ба ҳамсаронашон дар пухтани нон ва ҳатто дар ҷӯшидани ҳайвонҳои ширдеҳ кӯмак мекарданд, алалхусус, дар моҳи шарифи Рамазон. Пас, чаро марди мусалмон бояд аз ёрӣ расонидан ба занаш ор кунад?!

Ба суханони модаратон аҳамият надиҳед, шумо ба ҳамсари беморатон ёрӣ расонида, савоби зиёдеро ба даст меоред. Иншоаллоҳ рӯзаи шумо ва ҳамсаратон қабули даргоҳи илоҳӣ мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД