Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ додааст, ки дар натиҷаи коркарди ахбороти воридгардида ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки 15-уми январи соли 2024 дар кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе содир шуда, боиси ҷароҳат бардоштани ронандаи таксии ширкати «Як таксӣ»-Беков Зиёвиддин гардида буд, ошкор карда шуд.
Ин ниҳод гуфт, онҳо муайян кардаанд, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Ғозиев Абдуҷаббор Абдуғафурович, соли таваллудаш 25.07.1999, сокини ноҳияи Рӯдакӣ содир намудааст.
“Номбурда собиқаи ҷиноятӣ дошта, қаблан маҳбасӣ гардидааст. Инчунин, моҳи феврали соли 2024 низ барои содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ дастгир гардида, айни замон дар маҳбас адои ҷазо намуда истодааст”,- гуфт манбаъ.
Гуфта мешавад, ки зимни пурсиш гумонбаршаванда Ғозиев Абдуҷаббор пурра ба ҷинояти содирнамудаи худ иқрор гардида, ҳамзамон, бо далелҳои зимни коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба даст омада, аз ҷониби ӯ содир гардидани ҷиноят пурра исботи худро ёфтааст.