Sebiston new 2024 october
Рустами Эмомалӣ нуқтаҳои забҳи чорворо эълон кард
581

Дар остонаи Иди саиди Қурбон Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ нуқтаҳои забҳи чорвои қурбониро эълон намуд.

Дар ҳар як ноҳияи шаҳри Душанбе барои забҳи чорвои қурбонӣ ҷойҳои махсус муайян карда шудаанд.

Бино ба маълумоти шаҳрдорӣ, дар ноҳияи Шоҳмансур чорвои қурбониро дар маҳаллаи Бадахшон-2, дар кӯчаи Шукӯҳӣ забҳ мекунанд. Бояд тазаккур дод, ки дар минтақаи Ховарон (Теппаҳои Шимолӣ) ва дар маҳаллаи Чиноро-1 дар кӯчаи Назаршоев 374, дар бозори "Ховарон", дар кӯчаи Айнӣ (7 км) ва дар маҳаллаҳои Фалакон, Қуштеппа, Яккатут ва Чилмеҳроб низ чорвои қурбониро забҳ кардан мумкин аст.

Дар ноҳияи Фирдавсӣ дар кӯчаи Қаҳҳоров (назди фабрикаи «Шири Саодат»), дар маҳаллаи Гулбутта, дар маҳаллаи 63 (кӯчаи Фирдавсӣ 99) ва маҳаллаи 65 (кӯчаи Фирдавсӣ 35), дар маҳаллаи 46 (кӯчаи Деҳотӣ 3) ва дар маҳаллаи Крупский чорвои қурбониро забҳ мекунанд.

Дар ноҳияи Сино дар маҳаллаҳои Пахтакор (Пахтакор 70), Борбад (кӯчаи Тургенев 29) ва Роҳи нав (кӯчаи Р. Набиев 292/2), Ҳаёти нав, 74 ва 313, Деҳи Боло, Камонгарон (кӯчаи Ҳувайдуллоев 252), Ҳисорак, Панҷрӯд 125, Навободи боло 79, Ҳамадонӣ ва Испечак 1 (наздикии сафорати Амрико) забҳи моли қурбонӣ иҷозат дода шудааст.

Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ чорвои қурбониро дар маҳаллаҳои Х. Назаров 149, (кӯчаи Сабоҳ), Шафақ (Хуҷамбиёи поён 121), Нодира 52, Варзоб ГЭС (Деҳнаваки поён) ва Чашмасор (кӯчаи И. Соатов 36) забҳ мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки имсол Иди Қурбон рӯзи 16-уми июн таҷлил карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД