Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси Маҷлиси олии Маҷлиси миллии Тоҷикистон, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ дар остонаи соли нави мелодӣ хотири маъюбон, ятимон, камбизоатон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолиро шод гардонида, ба онҳо кӯмакпулӣ ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим кард.
Тибқи иттилоъи шаҳрдорӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 14 ҳазор сокинони пойтахт, ки аз табақаи оилаи камбизоат ва ниёзманд ба шумор мераванд, аз ҳадяҳои солинавии раиси шаҳри Душанбе бархурдор гаштаанд.
Дар байни шахсоне, ки кӯмаки идонаи раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дасташон расид, ятимони кул, маъюбон, пирони яккаву танҳо ва одамони бесаробон зиёданд. Қобили зикр аст, ки дар ин радиф ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати кӯдакони ятими №1-и пойтахт ва мактаб-интернатҳои махсуси №2, №3, №4 ва №5 низ аз номи раиси шаҳри Душанбе сару либоси гарми зимистона, хӯрокворӣ, шириниҳо ва дигар туҳфаҳои солинавӣ супурда шудааст.
Барои ин тоифаи кӯдакон ҳамчунин бо иштироки ҳунармандон ва мӯъҷизакорон чорабинии фарҳангии идона гузаронида шуда, хотири хурдтараконро болида гардонданд. Дар хабар гуфта мешавад, ки тарбиятгирандагони мактаби махсуси кӯдакони нуқсони шунавоӣ дошта, мактаби махсуси шабонарӯзии кӯдакони нобино, Хонаи кӯдакони №1 ва Маркази хизматрасонӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони пойтахт низ аз кӯмак ва тӯҳфаи солинавии Рустами Эмомалӣ баҳравар гаштанд.
Раиси шаҳри Душанбе ҳамчунин ба зиёда аз 5000 нафар кӯчарӯбон ва дигар кормандони ДЭУ дар остонаи соли нави мелодӣ кӯмак расонда, хотири онҳоро бо тӯҳфаҳои солинавии худ шод гардонд.