20-уми май Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд.
Бино ба иттилои шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, зимни сафар муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад, иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки маҳз бо пешниҳоди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ 7-уми майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи махсус 25-уми майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намуд.