Sebiston new 2024 october
Рустами Эмомалӣ ба Фаррух Ҳасанов хона дод
590

 

 

Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва мири шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба овозхони ҷавону боистеъдоди тоҷик Фаррух Ҳасанову калиди хонаи сеҳуҷрагӣ тақдим намуд.

Ёдрас мешавем, ки Фаррух Ҳасанови 25-сола чанде қабл дар марҳилаи ниҳоии мавсими панҷуми сабқати овозхонии “Ну-ка, все вместе!”-и шабакаи телевизионии “Россия1” ғолибияит ба даст оварда, маъруф шуд. Ӯ 20-июли соли 1998 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, миллаташ тоҷик аст. Аз рӯйи ихтисос Фаррух забоншинос аст, вале ҳанӯз аз овони кӯдакӣ қобилиятҳои эҷодиро дар худ кашф карда, дар баробари таҳсил дар мактаби миёна дар мактаби мусиқӣ низ таҳсил кардааст.

Фаррух барои ширкаташ дар сабқати овозхонии “Ну-ка, все вместе!” таронаи “Lovely”-ро аз репертуари Билли Эйлиш ва Холид омода кард, ки бо он қаблан доварони лоиҳаи Осиёи Миёнаро мафтун карда буд. Дар дуэли ҳалкунанда Фаррух суруди хити Аркадаро аз репертуари ғолиби Eurovision 2019 Дункан Лоуренс ба таври олӣ иҷро карда, ҳарифаш Вахагн Минасянро дилпурона мағлуб карда, бо 99 хол ба даври нимфиналии лоиҳа роҳхат гирифт. Ӯ дар даври ниманиҳоӣ композитсияи дуэтии JONY ва ANNA ASTI “Чӣ тавр метавонам ишқи туро фаҳмам?”-ро пешкаш кард ва мутахассисонро ба по хезонд.

Бо ин натиҷа ҳунарманди тоҷикистонӣ ғолиби даври ниманиҳоӣ ва финалисти автоматӣ гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД