Тантанаҳои наврӯзӣ дар пойтахти кишварамон аллакай оғоз ёфтанд. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯзи якшанбе, 17-март дар “Наврӯзгоҳ” мусобиқаи аспдавонӣ баргузор мегардад. Оғози мусобиқа соати 15.00 дар назар дошта шудааст.
Раиси шаҳр ба Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дастур додааст, ки аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт барои гузаронидани чорабинии мазкур 279750 (дусаду ҳафтоду нуҳ ҳазору ҳафтсаду панҷоҳ) сомонӣ маблағ ҷудо намоянд.
Муовинони раиси шаҳри Душанбе, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ ва Федератсияи «Пойга ва бузкашӣ»-и Тоҷикистон барои ҷалби беҳтарин аспсаворон ва корхонаҳои асппарварии ҷумҳурӣ ба ин чорабинӣ муаззаф гаштаанд.