Чанд рӯзе пеш яке аз санъаткорони ҷавону овозадор - Рустам Азимӣ зодрӯз дошт.
Рустам Азимӣ, сарояндаи ҷавону маҳбуб 18-уми октябри соли 1989 дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Ӯ соли 1995 аввалин қадамҳои худро ба мактаби миёнаи зодгоҳаш гузошт. Ӯ аз хурди орзу дошт, ки санъаткор шавад. Соли 2000, ки ҳанӯз даҳ сол дошт, дар озмуни "Лоиқхонӣ" иштирок карда, соҳиби ҷойи намоён гашт. Соли 2000 оилаи ин сароянда ба шаҳри Хуҷанд кӯч бастанд.
Рустам соли 2004 барои рушд додани маҳорати санъаткории худ ба Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз қабул шуду онро соли 2008 хатм кард. Рустам Азимӣ аввалин таронаи худро соли 2007 дар асоси оҳанги худашу шеъри Лоиқ Шералӣ бо номи «Гули оташпараст» барои мухлисон пешкаш кард ва сипас, ин силсила тӯлонӣ шуд.
Сомонаи Oila.tj ӯро ба ин муносибат шодбош гуфта, аз таҷлили зодрӯзаш пурсид. Рустам зимни суҳбат қайд намуд, ки аввалин нафароне, ки ӯро сюрприз карда, табрик намуданд, аҳли оила ва гурӯҳи ӯ “RA GROUP” буданд. Ҳамзамон зикр намуд, ки зодрӯзашро дар назди модараш дар доираи аҳли оила ҷашн гирифт.
Инчунин, ӯ гуфт, ки новобаста аз он, ки ҷашни милод дошт, дар баробари ин бо хоҳиши зиёди тӯйдорон дар шаҳри Хуҷанд дар маҳфили бахт дар хизмати халқи азиз буд ва ҳамзамон бо мухлисон низ зодрӯзашро ҷашн гирифт.
Ӯ қайд намуд, ки аз моҳи ноябр боз мухлисонро сюрпризҳои зиёд, яъне таронаҳои наву беҳтарин интизоранд.