Сарони ду давлати абарқудрати дунё - Русия ва ИМА имрӯз сари мизи гуфтушунид нишаста, масъалаи хотима гузоштан ба ҷанги Украинаро ҳал мекунанд.
Мулоқоти Путин ва Трамп дар шаҳри Ар-Риёзи Арабистони Саудӣ мегузарад. Дар ин бора портали амрикоии Axios хабар додааст.
Ба ҳайати намояндагии Амрико котиби давлатӣ Марко Рубио, мушовири Қасри Сафед оид ба масъалаи бехатарӣ Майк Уолтс ва намояндаи махсуси Доналд Трамп доир ба масоили Шарқи Наздик Стив Уиткофф шомил шудаанд.
Тахмин меравад, ки дар ин мулоқот аз ҷониби Маскав вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, ёрдамчии президенти Русия Юрий Ушаков ва роҳбари хадамоти иктишофӣ Сергей Наришкин шомил шуда, ҷараёни гуфтушунидро сарвари хазинаи инвеститсияҳои бевосита Кирилл Дмитриев, ки дар ИМА таҳсил ва кор кардааст, танзим мекунад.
Бино ба маълумоти FlightAware, дирӯз президенти Украина Владимир Зеленский низ ба шаҳри Ар-Риёзи Арабистони Саудӣ парвоз кардааст ва имрӯз сарони се кишвар дар масъалаи хотима гузоштан ба ҷанги Украина суҳбат хоҳанд кард.