Arzon march 2024
Русия тартиби нави хизматрасонии тиббиро ба муҳоҷирон қабул кард
383

Русия тартиби нави хизматрасонии тиббиро ба шаҳрвандони хориҷӣ қабул намуд, ки аз 1-уми сенятбри соли 2025 мавриди амал қарор мегирад. Дар ин бора Ҳукумати Русия аллакай қарори дахлдор қабул кардааст.

Мехоҳед донед, ки дар кадом ҳолатҳо ба муҳоҷирон ба таври ройгон ёрии тиббӣ расонида мешавад? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!

Тибқи тартиботи нав муассисаҳои давлатӣ ва шахсии тиббии Русия уҳдадоранд, ки дар ҳолати мавҷуд будани суғуртаи тиббӣ ва ё таҳдид намудани хатар ба ҳаёти инсон ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла ба муҳоҷирони меҳнатӣ ба таври ройгон кумаки тиббӣ расонанд. Мувофиқи ин ҳуҷҷат дар ҳолати сар задани садамаи нақлиётӣ, захмӣ шудан, заҳролудшавии организм ва дигар ҳодисаҳои нохуш, ки ба ҳаёти шахс хатар эҷод менамоянд, ҳамчунин хурӯҷи бемориҳои шадид ва авҷ гирифтани касалиҳои кӯҳнашуда ё сироятии хавфнок ба муҳоҷирон ба таври ройгон, яъне бидуни пардохти маблағ ёрии тиббӣ расонида мешавад.

Дар ҳолатҳои дигар муҳоҷирон бояд аз суғуртаи тиббӣ истифода баранд. Қобили зикр аст, ки ба муҳоҷирони суғуртаи тиббӣ дошта танҳо дар сурати сар задани ҳолати суғуртавӣ кумаки тиббӣ ба таври ройгон расонида мешавад, дар дигар ҳолатҳо ҳақи хизматрасонии тиббиро пардохт намудан лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД