arzon replenishment
Русия додани шаҳрвандӣ ва шиносномаро ба муҳоҷирон манъ мекунад?
713

Федератсияи Россия метавонад додани шаҳрвандӣ ва шиносномаи русиро ба муҳоҷирони меҳнатӣ ба муҳлати 30 сол манъ намояд. Мақомдорони маҳаллии баъзе минтақаҳои Россия бо чунин пешниҳод ба Думаи давлатии Россия муроҷиат намудаанд.

Аз ҷумла Олег Калугин, як мансабдори сиёсати дохилии вилояти Калуга аз мақомоти федералии Россия хоҳиш кардааст, ки додани шиносномаро ба муҳоҷирон ба муҳлати 25-30 сол манъ намоянд.

Ин мансабдори маҳаллӣ мегӯяд, ки кӯчидан ва маскун гаштани теъдоди зиёди бегонагон дар сарзамини Россия ҳам барои давлат ва ҳам барои миллати рус мушкилиҳои зиёдеро эҷод менамояд.

“Дар баробари ҷомеаи русӣ дар кишвари мо ҷомеаи дигаре нуфуз карда истодааст, ки бо қонуну қоидаҳои худ зиндагӣ мекунанд. Муҳоҷирон фарҳанг, дин ва тарзи зиндагии моро қабул надоранд ва мехоҳанд расму оинҳои худро дар ин ҷо ҷорӣ намоянд. Ин боиси сар задани баҳсу мунозираҳои беохир байни муҳоҷирон ва мардуми маҳаллӣ гашта, мушкилоти зиёдеро ба миён меорад”,- гуфтааст Олег Калугин.

Ин мансабдори маҳаллӣ мегӯяд, ки барои пешгирӣ намудани бархӯрди тамаддунҳои гуногун ба муҳлати 25-30 сол додани шаҳрвандӣ ва шиносномаи Федератсияи Россияро ба муҳоҷирон бояд манъ кард. Калугин дар суҳбат бо журналистони рус ошкоро гуфтааст, ки ба шахсони решаҳои славянӣ надошта, яъне ба зодагони кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз додани шаҳрвандии Россияро манъ кардан лозим аст.

Ҷонибдорони Калугин иддао доранд, ки дар ҳақиқат аксари муҳоҷироне, ки аз Осиёи Миёна меоянд, натанҳо забони русиро намедонанд, балки даст ба ҷиноятҳои гуногун зада, авзои ҷомеаро ноором месозанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД