Русия барои ҷавонони болаёқати тоҷик имконият фароҳам меорад, ки ба таври ройгон дар донишгоҳу донишкадаҳои Федератсияи Россия таҳсил намуда, соҳиби касбу ҳунар гарданд.
Имсол барои донишҷӯёни тоҷик 750 квота ҷудо шудааст, ки яке аз бузургтарин квотаҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад.
Тавре ки котиби матбуотии намояндагии “Россотрудничества” дар Тоҷикистон Ляйсан Абдуллина хабар медиҳад, қабули довталабон барои таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои олии Россия дар чанд давр сурат мегирад. Ин маърака ҳанӯз 3-4 моҳ қабл оғоз ёфта буд ва ба рӯйхатгирии довталабон тибқи барномаи “education-in-russia.com” аз 1-сентябр то 25-ноябри соли 2021 идома ёфт. Дар ин давра 6184 нафар довталабон худро номнавис карда бошанд ҳам, аз ин миён танҳо ба 4556 нафар муяссар гашт, ки ба даври интихобӣ ва имтиҳоноти қабул роҳ ёбанд.
Даври дуюм аз 7 декабри соли 2021 шурӯъ шуда, ҷавонон бо кӯмаки технологияҳои муосири дистансионӣ-онлайн (системы прокторинга) барои дохил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳои олии Русия ва дарёфти маълумотӣ касбӣ дар зинаи бакалавр муборизаро оғоз намуданд. Айни замон аксарияти довталабон аз ин давр гузаштаанд. Ба ҷавононе, ки бо сабабҳои техникӣ, яъне набудани барқ ва ё суст будани суръати интернет аз имтиҳонҳо қафо мондаанд, имкон дода мешавад, ки охири моҳи январ аз ин даври санҷиши тестӣ гузаранд.
Даври сеюм рӯзҳои 24-26 январ барпо гашта, ҷавонони болаёқате, ки мехоҳанд ба магистратура, ординатура ва аспирантура дохил шаванд, ҳамчунин довталабони зинаи бакалаври ихтисосҳои эҷодӣ ба тариқи озмунӣ ба днишгоҳу донишкадаҳои олииРусия қабул карда мешаванд.
Тавре ки Иванов Иван Сергеевич, намояндаи “Россотрудничества” дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, аллакай устодон 40 нафар устодон аз 27 донишгоҳу днишкадаи олии Русия ба Тоҷикистон омадаанд ва давоми се рӯз аз байни довалабон, ки теъдодашон еш аз 1100 нафар мебошад, беҳтаринҳоро тариқи сӯҳбат ва санҷиш ба магистратура, орденатура, астипантура ва зинаи бакалаври донишгоҳкадаҳои олии Русия қабул хоҳанд кард.
Озмун махсусан дар бахши тиб ва иқтисод хеле шадид буда, барои ҳар як курсии днишҷӯйи дар донишгоҳҳои Русия то 27 довталаб мубориза бурда истодаанд.
Ёдрас мешавам, ки соли гузашта Русия барои донишҷӯёни тоҷик 630 ҷой ҷудо карда буд, имсол бошад, шумораи квотаҳо барои зодагони Тоҷикистон зиёд крада шуда, то ба 750 квота расид, ки нисбати дигар ҷумҳуриҳ хеле зиёд аст.
“Тоҷикистон шарики стратегии Русия мебошад, ғайр аз ин ҳамасола аз Тоҷикистон ба Русия шумораи зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ сафар намуда, аз ҳамин Русия шумора квотаҳоро барои донишҷӯёни тоҷик афзун намуд”-гуфт зимни сӯҳбат намояндаи “Россотрудничества” Иванов Иван сергеевич.