goodwell
Руминия метавонад ба далели гармии шадид фаъолияти ягона нерӯгоҳи атомии худро пурра боздорад
84

Руминия метавонад фаъолияти ягона нерӯгоҳи атомии худро пурра боздорад, зеро сатҳи оби дарёи Дунай, ки барои хунуккунии реакторҳо истифода мешавад, ба таври рекордӣ коҳиш ёфтааст.

Ҳоло фаъолияти яке аз ду блоки энергетикии нерӯгоҳи атомии «Чернаводэ» боздошта шудааст ва агар сатҳи об идома ба коҳиш диҳад, блоки дуюм низ метавонад 13-уми август аз фаъолият боздошта шавад.

Нерӯгоҳи атомии «Чернаводэ» тақрибан 20 фоизи тамоми нерӯи барқи Руминияро таъмин мекунад. Фаъолияти блоки якум рӯзи 28-уми июли соли 2026 бо далели паст шудани сатҳи об боздошта шуд. Блоки дуюм ҳанӯз фаъол аст, аммо танҳо ба шарофати чораҳои фаврии мақомот кор мекунад.

Ширкати оператори нерӯгоҳи атомӣ - Nuclearelectrica изҳор кардааст, ки вобаста ба пешгӯиҳои гидрологӣ ва тағйироти минбаъдаи сатҳи Дунай, фаъолияти блоки дуюм низ метавонад субҳи 13-уми август боздошта шавад.

Ин вазъ аллакай боиси афзоиши вобастагии Руминия аз воридоти нерӯи барқ ва истеҳсоли барқ аз газ шудааст. Шоми 5-уми август талабот ба нерӯи барқ ба 7,7 МВт расидааст, дар ҳоле ки истеҳсоли дохилӣ 5,3 МВт буд. Қариб 31 фоизи истеъмоли барқ аз ҳисоби воридот таъмин шудааст.

Гармии тӯлонӣ ва камобӣ ҳамоно барои низоми энергетикии Руминия мушкилоти ҷиддӣ эҷод мекунанд. Мақомот аллакай режими омодагии энергетикӣ эълон карда, аз аҳолӣ ва корхонаҳо даъват намудаанд, ки дар соатҳои шом ихтиёран истеъмоли нерӯи барқро коҳиш диҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД