toyota motors
Рулети мурғӣ бо панир
18.04.2026
Oila.tj
31

Маҳсулоти лозима:

2 пора гӯшти лаҳми мурғ, 100 грамм панири сахт, кабудӣ, 3 дандона сирпиёз, намак, мурч, 100 грамм орд, 100 грамм равғани растанӣ.

Тарзи таҳия:

Гӯшти мурғро борик бурида, бо табарча лат занед. Намаку мурч пошида, сирпиёзи кӯфта молед. Ба канори ҳар пораи мурғ 1 қошуқ панири аз турбтарош гузаронидашуда ва кабудӣ гузошта, ба мисли рулет гӯштро тоб диҳед. Канораҳои рулетро бо чӯбча маҳкам кунеду баъдан дар орд ҷӯлонида, дар равған бирён кунед. Баъди пухтанаш чӯбчаҳоро гирифта партоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД