Formula september
Рулети фалладор
720

Маҳсулоти лозима:

300 грамм орд, 1 қошуқча моддаи ковоккунанда, ванилин, 20 грамм шакар, 130 мл кефир, 1 зардии тухм, 130 грамм равғани маска.

Барои қимма: 250 грамм фалла, сафедии 1 тухм, 1 қошуқ сметана, 1 қошуқ орд, қулфинай.

Тарзи таҳия:

Орду моддаи ковоккунанда, намак, шакар, ванилинро аралаш карда, ба он равғани маскаи аз турбтарош гузаронидашударо илова кунеду бо даст омезиш диҳед. Бо иловаи зардии тухму кефир хамир омода созед. Барои тайёр кардани қимма сафедии тухмро бо шакар, сметана, фалла, як қошуқ орд ва дар охир бо қулфинай аралаш кунед. Хамирро ба ду қисм тақсим карда, ҳар кадомашро ғафсияш 4 мм тунук кунед. Қиммаи фаллагинро дар рӯи он молида, ба таври рулет тоб диҳед. Рулетро бурида, дар ҳарорати 180 дараҷаи тафдон муддати 20 дақиқа пазед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД