Маҳсулоти лозима:
- 500 мл - шир
- 250 грам – орд
- 70 грам – равғанги маска
- 30 грам – какао
- 2 қошуқ – шакар
- 1 дона – тухм
- 10 грам – маводи ковокунанда
Барои ороиш:
- 300 грам – йогурти мевагӣ
- 200 грам – панири дулмашуда (творог)
- 150 грам – сметана
- Кунҷит ё макка
Тарзи таҳия:
Дар зарф аввал орд, какао, шакар, маводи ковокунанда ва каме намак илова карда, омехта мекунем.
Баъдан ба шир равғани маска илова карда, то об шуданаш нигоҳ медорем.
Шир ва тухмро ба маҳсулоти бо орд омодакардаамон меандозем ва лат мезанем.
Хамир бояд суст бошад мисли ордоб. Пас аз он, дар хамири омода кардаамон ҳубобчаҳо пайдо мешаванд.
Ба тоба каме равған мемолем ва хамирро ба андозаи як кафлез дар тоба мерезем ва ба ҳама тарафи он паҳн мекунем. Блинчикҳоро ҳарду тарафашонро мепазем.
Барои дарунаш панири дулмашуда (творог), йогурти мевагӣ, сметана, хокаи шакар, кунҷит ва ё мак лозим мешавад.
Ҳамаи маҳсулотҳоро якҷоя мекунем ва то хуб омехта шуданашон бо миксер лат мезанем. Баъдан ба он мувофиқи табъи худ хокаи шакар илова карда, боз лат мезанем.
Блинчикҳоро паҳлӯ ба паҳлӯи ҳам гузошта, малҳам (крем) мемолем.
Баъдан, онҳоро ба мисли рулет мепечонем.
Блинчикҳоеро, ки мисли рулет печондем, мебурем.
Бо иштиҳои том!