Маҳсулоти лозима:
2 банан, 150 грамм фалла, 50 грамм равғани маска, 3 қошуқ шакар, 2 қошуқ какао, 1 қошуқ сметана, тарошаи кокос барои ороиш.
Тарзи таҳия:
Фалларо бо ду қошуқ шакар ва равған омезиш диҳед. Бананро пӯст карда, ба табақча монеду ба рӯяш фаллаи равғандорро резед. Аз болояш шоколадро резед. Барои омода кардани шоколад, сметанаро бо 1 қошуқ шакар ва какао дар оташ ҷӯшонед. Рулетро бо тарошаи кокос оро диҳед.