arzon replenishment
РОЗИ ДИЛИ «ҶАНГАРАБЕГИМ»
09.09.2020
Р. Азимӣ
3836

 

Дар ҷавонӣ чунон мағрур будам, ки мабодо касе пишакамро пишт гӯяд, рӯзашро сиёҳ мекардам, аз ҳамин сабаб ҳамсинфонам ба ман «Ҷангарабегим» лақаб гузошта буданд.

Рӯзе набуд, ки ягон ҳамсинфамро зада гирён накунам. Духтар бошам ҳам, дасту бозуи пурқуввати мардона доштаму бузбалагиям бачаҳои синфамонро метарсонд, духтарон бошанд, ҳеҷ гоҳ бо ман дугонагӣ намекарданд, чунки бо суханҳои нешдор дилашонро озор медодам. Аз дасти ман ҳатто омӯзгорони мактаб рӯз надоштанд, ягон чиз гӯянд бидиросзанон «маълим ба духтари худат кордор шав» гӯён, шарманда мекардам.

Рафторам дар хона ҳам чунин буд, на калонро калон мегуфтаму на хурдро хурд, бо ҳама ҷангу хархаша мекардам. Падарам маро ҷанг кунад ё насиҳат карданӣ шавад, «эй муйсафед, поят ба лаби гӯр расидаасту ҳеҷ аз беҳудагӯӣ намемонӣ» гӯён, мисли хурӯсчӯҷаи ҷангӣ ба ҳуҷум мегузаштам. Бечора падарам ранҷида чанд рӯзи дигар бо ман гап намезад. Хурсанд мешудам, ки дигар ягон эрод намегирад. Хулоса, бо ҳамин аҳвол мактабро хатм намудам.

Аз байн чанд сол гузашту ҳама ҳамсинфонам шавҳар карда соҳиби фарзанд шуданд, вале касе бо нияти хостгорӣ кардани ман қадамашро ба остонаи дари падарам намегузошт. Модарам рӯирост мегуфт, ки барои рафторҳои хунукам касе маро келин кардан намехоҳад. Ҳоло ҷавонам, вақташ расад, шавҳар мекунам, гуфта худро тасаллӣ медодам, аммо синну солам аз сӣ гузашту ягон талабгор пайдо нашуд. Нав ақлам ба сарам зада, афсӯс мехӯрдам, ки чаро дар ҷавонӣ дили ҳамаро озор дода бо дасти худам дари бахтамро бастам. Рӯ ба намоз оварда, аз худованд омӯрзиши гуноҳҳоямро талаб намудам. Билохира дар синни 32 солагӣ дари бахтам кушода шуда марди занмурдае маро талабгор шуд. Азбаски умрам ба ҷое расида буд, нею нестон накарда розӣ шудам. Ҳоло ману шавҳарам зиндагии хушбахтона дорем. Падару модарам шоданд, ки қилиқҳои хунукамро партофта одами хуб шудам. Мехоҳам аз минбари «Оила» ба духтаракони мактабхон бигӯям:

Хоҳаракони азизам! Шаъну шарафи духтариатонро нигоҳ доред ва дили ҳеҷ касро наранҷонед, зеро аз дилозор Худо безор гуфтаанд. Кӯшиш намоед, ки номатон ба некӣ барояд, то дар оянда зиндагии пурсаодат насибатон гардад!

Махфират

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД