Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар арафаи Рӯзи дониш ба 45 нафар хонандагони ятими кулл ва нимятим либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим карда мешавад. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Роғун хабар додаанд.
Гуфта мешавад, ки сарпарастон тарбиятгирандагони Хонаи бачаҳои ба номи Т. Қодирови шаҳри Роғунро низ бо либоси ягонаи мактабию ашёи хониш таъмин менамоянд.
Тавре Умеда Сатторбекзода, муовини раиси шаҳри Роғун зимни суҳбат бо журналист Субҳониддини Маҳмуд гуфтааст, “имсол корхонаҳои дӯзандагии “Ситора” ва “Мавлуда”-и шаҳри Роғун 4400 ҷуфт либоси мактабӣ истеҳсол намуда, ба толибилмони муассисаҳои шаҳри Роғун пешниҳод менамоянд. Имрӯзҳо аз тарафи ин корхонаҳои дӯзандагӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва чойхонаҳои ҷамъиятии деҳоти шаҳр намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва ашёву лавозимоти хониш идома дорад ва сокинон метавонанд аз онҳо бо нархи дастрас либос харанд”.