sebiston july new
Россия ба муҳоҷирони қайди ҳарбӣ надошта дигар шаҳрвандӣ намедиҳад
614

Муҳоҷирони меҳнатӣ минбаъд наметавонанд бидуни қайди ҳарбӣ соҳиби шиносномаи русӣ гарданд. Дар ин бора узви Кумита оид ба меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва кор бо ветеранҳои Думаи давлатии Россия Светлана Бессараб ба журналистони рус хабар додааст.

Ин вакили парлумони Россия дар суҳбат бо расонаҳои русӣ гуфтааст, ки ахиран Дума ба хотири пурзӯр намудани қоидаҳои будубош ва зисту зиндагӣ дар Федератсияи Россия чанд тадбири тоза андешид.

Дар идомаи суҳбат дар бораи ин табдирҳо сухан ронда, мавсуф аз ҷумла чунин гуфтааст: “Қабл аз анҷоми сессияи тирамоҳии худ Думаи Давлатии Россия чанд қонуни навро қабул намуд, ки ба пурзӯр гардонидани қоидаҳои будубош ва зисту зиндагӣ дар қаламрави Федератсияи Россия нигаронида шудаанд. Ин қонунҳо асосан ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд дар Федератсияи Россия зиндагӣ намоянд, кор кунанд, хонанд ва шаҳрвандии кишвари моро ба даст оваранд, дахл доранд. Минбаъд барои ин тоифа гирифтани шаҳрвандии Россия бе қайди ҳарбӣ имконнопазир аст“.

Дар идомаи суҳбаташ Светлана Бессараб таъкид кардааст, ки қонуни нав натанҳо ба шаҳрвандони хориҷие, ки ҳамакнун мехоҳанд соҳиби шаҳрвандии Федератсияи Россия гарданд, балки ба афроди алакай шаҳрвандӣ гирифта низ дахл дорад.

“Шахсоне, ки алакай шаҳрвандии Россияро гирифтаанд, вале худро дар қайди ҳарбӣ гузоштаву дар сафи артиши Россия хизмат кардан намехоҳанд, аз шаҳрвандии Россия маҳрум гаштанашон мумкин аст”,-гуфтааст ин валики парлумони рус.

Тибқи қонуни нав шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд соҳиби шаҳрвандии Россия ва шиносномаи русӣ гарданд, бояд аввал худро дар комиссариати ҳарбӣ дар қайд гузоранд. Бидуни қайди ҳарбӣ минбаъд гирифтани шиносномаи Россия имкон надорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД