Arzon march 2024
Роҳро аз Масчоҳ то Бӯстон тоза карданд
506


Тозагӣ гарави саломатист, аз ин рӯ ҳар фарди соҳибақл натанҳо ба тозагии хонаву дари худ, балки ба тозагии маҳал, деҳа ва муҳити зисташ аҳамияти ҷиддӣ дода, ҳамеша пайи ободонӣ бошад.

Ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28-декабри соли 2023 низ зикр гардида, сарвари давлат аз шаҳрвандони мамлакат даъват намуданд, ки ба тозагии роҳраву атрофи биною манзилҳо диққат диҳанд, зеро хунукназарӣ нисбат ба тозагии муҳит аз бемаърифатӣ дарак медиҳад.

«Ба шаҳрвандони мамлакат, бахусус ронандагони мусофиркаш ва мусофирони онҳо муроҷиат менамоям: мо мегӯем, ки мардуми тоҷик тамаддуну фарҳанги бою ғании қадимӣ дорад, вале мо дар вақти дар дохили нақлиёт буданамон ба табиати атроф партов мепартоем. Чаро ҳавливу хонаву дари худро ифлос накарда, давлатро ифлос менамоем? Фаромӯш насозед, ки давлат аз хона ва оила шуруъ мешавад», -иброз доштанд Пешвои миллат.

Дар партави гуфтаҳои сарвари давлат дар боби таъмини покизагии ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, соҳили дарёву каналҳо, манбаъҳои обӣ, назди ташкилоту идора ва роҳраву гулгаштҳо бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ дар шоҳроҳи Душанбе –Чанок ҳашари «Тозагии муҳити зист» доир шуд. Дар ҳашар муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонони фаъол ва роҳбарони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроия иштирок намуда, ду тарафи шоҳроҳро аз даромадгоҳи ноҳияи Мастчоҳ то ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бӯстон аз партовҳо тоза намуданд.

Ин ҳашар бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» доир шуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ бо сокинони маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ доир мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД