arzon replenishment
Роҳпаймоии идона бахшида ба Рӯзи Парчами Тоҷикистон
349

Ҳамасола санаи 24-уми ноябр мардуми шарифи кишварамон Рӯзи парчами Тоҷикистонро бо тантана ҷашн мегиранд. Бахшида ба ин санаи муборак имрӯз дар шаҳраки академии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор гашт. Дар ин бора АМИТ дар саҳифаи фейсбукии худ хабар додааст.

Парчам дар баробари Конститутсия, забони давлатӣ, Нишон, Суруди Миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳои асосӣ ва муқаддасоти давлатии мо маҳсуб меёбад, ки дар иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гашта буд. Аз ҳамин хотир, ҳамасола дар ҷумҳурӣ 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рамзи соҳибистиқлолӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат бо шукуҳу шаҳомоти хоса таҷлил мегардад. Имсол низ ба ифтихори Рӯзи Парчам дар шаҳраки академии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор гашт.

Дар роҳпаймоӣ кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла олимон, кормандони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, олимони ҷавон, магистранту докторантони PhD ширкат варзида, бо бардоштани парчами 32-метра эҳтироми ливои кишвари худро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварданд.

“Парчами давлатии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо шарофати сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи давлату давлатдорӣ, нангу номуси миллӣ, ҳаёти осоишта, бахту иқболи нек ва умед ба ояндаи шукуфон шинохта шуда, зери ливои худ аҳли ҷомеаро муттаҳид сохт. Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид кардаанд: “Парчами давлатӣ барои мо - тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад”,- омадааст дар хабар.

Чорабинҳои идона бахшида ба Рӯзи Парчами Тоҷикистон дар дигар муассисаҳо низ баргузор мегарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД