Arzon march 2024
Роҳҳои табобати пӯсти офтобсӯхта
488

Агар бо тани урён зери офтоб роҳ гардед ва ё баъди обозӣ дар зери офтоб худро хушк кунед, пӯст месӯзад. Ин сухтагӣ аз сӯхтани оби ҷӯш ва ё равған қариб фарқе надорад, чунки ҳам дарднок аст ва ҳам пӯстро безеб менамояд.

Агар ба чунин ҳолат гирифтор шавед аз шуоъзании такрории офтоб худро муҳофизат карда, зуд-зуд нӯшидани об, чойи кабуд ва ё шарбатро фаромӯш насозед.

Инчунин, маслиҳат дода мешавад, ки барои пӯсти аз офтоб сӯхта тарбандӣ бояд кард: докаро дар оби хунук тар карда, ба ҷойи сӯхта гузоштан зарур аст. Он сӯзиш ва дардро кам карда, пӯсти дар офтоб сӯхтаро намнок нигоҳ медорад. Оббозӣ бо оби ширгарм низ муфид аст. Дар оби он ҳамроҳ кардани крахмали ҷуворимакка ё картошка, сода, бобуна ва садбарг низ манфиатбахш аст.

Ба ҷойҳои зарардидаи пӯст шираи алоэ молидан лозим аст. Он пӯстро ором карда, намнок месозад ва дардро бартараф менамояд. Ҳамчунин, равғани алоэ, пудина ва зайтун дардро таскин мебахшанд. Воситаи дастрас ва беҳтарин маҳсулоти ширии турш аст ба монанди ҷурғот, чакка, кефир ва амсоли инҳо. Онҳо ба зудӣ пӯстро таскин бахшида, дардро рафъ менамоянд.

Сафедаҳои таркиби ин маҳсулотҳо қабати муҳофизиро ба вуҷуд меоранду намегузоранд, ки рутубати пӯст зуд бухор гардад. Онро давоми рӯз муддати 15–20 дақиқа, се-чор бор мебояд истифода кард. Ҳамчунин, майдаи картошка ва ё бодиринг, ки дар ҳар хона дастрас аст, барои бартараф кардани сӯзиши пӯсти сӯхта аз офтоб бас муфид аст.

Ҳамчунин, полудаи помидор, омехтаи зардолу бо асал низ хеле таъсирбахш аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД