Formula september
Роҳҳои табобати доғҳои даст
819

Доғҳои пигментӣ дар дастҳои ҳар як зан пайдо мешаванд. Сабаб дар он аст, ки дастони мо нисбат ба дигар узвҳоямон бештар ба таъсири манфии муҳити зист дучор мешаванд.

Дастҳо назар ба пӯсти рӯй тезтар пир мешаванд, зеро пӯсти даст ба тағйироти синну сол махсусан осебпазир мебошад. Бо мурури синну сол пӯсти борик ва нозуки дастон ожанг пайдо мекунад, ранги пӯст тағйир меёбад ва доғҳои пирӣ пайдо мешаванд.

Занҳо нисбат аз дастон ба чеҳраашон диққати махсус дода, бештар аз маҳлулҳо ва маҳсулоти косметикие, ки барои нигоҳубини рӯй пешбинӣ шудаанд, истифода мебаранд.

Сабабҳои пайдоиши доғи пирӣ дар дастҳо

Дар пӯсти ҳар як шахс ҳуҷайраҳои махсус - меланотситҳо мавҷуданд. Онҳо пигментеро ҳосил мекунанд, ки меланин ном дорад. Ин модда ранги қаҳваранг дорад ва пӯстро ранг карда, ба он тобиши табиӣ ато менамояд. Бо таъсири омилҳои муайян ҳуҷайраҳои истеҳсолкунандаи меланин метавонанд доғҳои пигментӣ пайдо кунанд. Ин сабаби асосии пайдоиши доғҳои қаҳваранг дар дастҳост.

Мувозинати ҳормонӣ

Пигментатсия ҳангоми ҳомиладорӣ, балоғат ё менопауза пайдо шавад, ин комилан табиӣ аст, вале дар дастони шумо дар синни ҷавонӣ доғҳо пайдо шаванд, ин як сабаби ҷиддӣ барои машварат бо духтур аст.

Тағйирот вобаста ба синну сол

Пас аз тақрибан 50 сол бадан ба қадри кофӣ истеҳсол намудани меланинро қатъ мекунад. Дар натиҷа пӯст ранги якхелаи солими худро аз даст дода, доғҳои синнусолӣ пайдо мешаванд.

Таъсири фаслҳои сол

Агар дар фасли зимистон доғҳои ногувор пайдо шаванд, донед, ки сабабаш нарасидани витаминҳо дар бадан аст. Доғҳои пӯст дар тобистон пайдо шавад, ин аз таъсири ногувори радиатсияи ултрабунафш мебошад.

Доғҳои қаҳваранг на танҳо дар дастҳо, балки дар тамоми бадан пас аз рафтани синну сол, яъне пажмурда шудани бадан ба назар намоён мешаванд.

Таъсири офтоб

Сабаби дигари пайдоиши доғҳо - ин таъсири офтоб мебошад. Дар зери нурҳои ултрабунафш пӯст меланин тавлид мекунад, ки радиатсияи аз ҳад зиёдро пешгирӣ мекунад. Ҳангоми дурудароз дар зери офтоб будан, дар дастҳо ва дигар қисмҳои бадан доғҳои сафед ё қаҳваранг пайдо мешаванд. Бо гузашти вақт, ранги пӯст яксон мешавад ва доғҳо аз байн мераванд.

ТАБОБАТИ ХАЛҚӢ

Роҳҳаи бартараф кардани доғи дастҳо дар шароити хона

Барои мубориза бо доғҳои пигментӣ дар пӯсти дастҳо, шумо метавонед усулҳои халқиро истифода баред.

Шарбати лимӯ

Лимӯро ба ду қисм буред ва обашро ҷабида гиред. Оби лимӯро ба пӯсти дастҳоятон моледу 30 дақиқа нигоҳ доред. Пас аз ним соат дастонатонро бо оби гарм бишӯед ва малҳамҳои нармкунанда молед.

Бодиринг

Панҷ бодирингро аз тарошак гузаронед, сипас ба он 200 миллилитр об резед. Ҳамаашро омехта карда дар контейнер гиред ва муддати 10 рӯз дар ҷойи торик нигоҳ доред. Давои омодашударо ҳар рӯз ба дастонатон молида, муддати 30 дақиқа нигоҳ доред.

Маҳсулоти ширӣ

1 қошуқ панири дилмашуда (творог)-ро бо 1 қошуқ сметана ва 10 қатра пероксиди гидроген (перекиси водорода) омехта кунед. Маҳлулро ба дастонатон молед ва муддати 30-40 дақиқа нигоҳ доред. Ин даво барои бартараф кардани пигментатсия кумак мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД