1xbet
Роҳҳои пешгирии рехтани мӯйи сар дар тирамоҳ
20.09.2025
Oila.tj
99

Бо фаро расидани фасли тирамоҳ бонувон ба сар рӯймолу шарфҳои ғафстар мепӯшанд ва ин боиси рехтани мӯйи сар мегардад. Барои он ки мӯй ҳамеша зебо ва солим бошад, ба нигоҳубини он аҳамият бояд дод. Мутахассисон мегӯянд, ки бо чанд қоидаи оддӣ метавон ҳолати мӯйро беҳтар кард.

Қоидаҳои шустани сар

Шустани мӯй яке аз асоситарин қадамҳои нигоҳубин аст. Давомнокии он ба ҳолати пӯсти сар вобаста мебошад. Агар пӯст равғанин бошад, мӯй зуд ифлос мешавад, аз ин рӯ сарро қариб ҳар рӯз шустан лозим меояд. Зуд-зуд шустани сар ба мӯй осеб намерасонад, муҳим он аст, ки шампуни дуруст интихоб шавад.

Мӯйҳои рангшударо беҳтараш бо оби гармтар нашӯед, зеро ҳарорати баланд қабати муҳофизатии мӯйро мекушояд ва ранг зудтар мебарояд. Ғайр аз ин, оби хеле гарм кори ғадудҳои равғаниро фаъол месозад.

Кадом шампунро бояд интихоб кард?

Ҳангоми интихоби шампун, ҳам ҳолати пӯсти сар ва ҳам худи мӯйро ба назар гиред. Барои пӯсти равғанин - шампуни дорои таъсири себорегуляторӣ, барои пӯсти хушк - бо ҷузъиётҳои намноккунанда, барои муътадил - шампуни мулоим барои истифодаи ҳаррӯза ё махсус барои мӯйи рангшуда.

Хуб мебуд, ки дар таркиби шампун маводи сахт, ба мисли сулфатҳо ва ПАВ-ҳои агрессивӣ набошад. Онҳо мӯйро тоза мекунанд, вале қабати муҳофизатиро вайрон ва пӯстро ҳассос мегардонанд.

Шампуни хуб бояд дорои моддаҳое бошад, ки ба сохтори мӯй осеб намерасонанд. Аз ҷумла, протеинҳои растанӣ ва кератини гидролизшуда - барои ғизо додани мӯй, равғанҳои табиӣ (авокадо, жожоба, кокос, бодом ва ғ.) барои муҳофизат аз хушкшавӣ.

Шампуни хушкро истифода бурдан мумкин аст?

Имрӯзҳо аксари бонувон аз шампунҳои муосир, ки онро шампуни хушк (сухой шампун) меноманд, зиёд истифода мебаранд. Вале он таъсири муваққатӣ дошта, равғани пӯсти сарро танҳо дар решаҳо мегирад ва намуди тозагӣ медиҳад, аммо ҷои саршуиро гирифта наметавонад. Истифодаи зиёди чунин навъи шампун метавонад боиси хушкшавӣ, ҳассосият ва осеби пӯст гардад. Бинобар ин, пас аз истифода ҳатман мӯй бояд шуста шавад.

Кондитсионер - марҳилаи ҳатмӣ

Шампун қабати муҳофизатии мӯйро мекушояд, аз ин рӯ барои бастани он воситаи муҳофизатӣ, яъне кондитсионер зарур аст. Агар танҳо бо шампун сар шӯед, мӯй намнокӣ ва дурахшро гум мекунад ва рангаш ҳам зуд мебарояд.

Кондитсионерро мувофиқи эҳтиёҷ интихоб намоед: барои мӯйи хушк - намноккунанда, барои мӯйи равғанин - ҳамворкунанда. Миқдори дурусти pH (аз 4 то 4,5) дар он муҳим аст, то қабати муҳофизатӣ дуруст баста шавад. Барои муҳофизат ва нигоҳ доштани моддаҳои фоиданок, кондитсионер бояд силикон дошта бошад.

Ниқобҳои ғизоӣ

1–2 маротиба дар як ҳафта истифодаи ниқоб тавсия мешавад. Ниқоб мӯйро бо ҷузъҳои фаъол ғанӣ мегардонад, аммо он қабати муҳофизатии мӯйро намебандад. Аз ин рӯ, пас аз ниқоб ҳатман кондитсионерро истифода баред. Қадами дуруст: аввал шампун, баъд ниқоб, дар охир кондитсионер.

Қоидаҳои шона задан ва хушк кардан

Пас аз шустан мӯй бештар нозук ва осебпазир мегардад. Шона задани мӯйи тар метавонад онҳоро канда кунад, бинобар ин беҳтар аст, ки баъд аз хушк шудан шона кунед. Агар мӯй баъди хушк шудан гиреҳ хӯрад, аз шонаҳои махсус барои мӯйи тар истифода баред. Хушккунии мӯй беҳтараш табиӣ бошад. Агар фенро истифода баред, ҳарорати ҳаворо паст намуда, аз сари худ дур нигоҳ доред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД