shoh palace
РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ АРАҚКУНӢ ДАР ТОБИСТОН
07.08.2021
Оила
1144

Баробари сар шудани фасли тобистон чизе, ки зану мардро баробар ба ташвиш меорад, ин арақ кардан аст.

Дар ҳавои 40-50% гарм баъзан ҳатто дезодорантҳои қиматбаҳо низ пеши роҳи арақкуниро гирифта наметавонанд, вале воситаҳои одии халқие ҳастанд, ки одамро аз тар шудан дар обу арақ наҷот медиҳанд.

Гиёҳоб ва маҳлулҳо

Растаниҳои табобатӣ барои рафъ намудани бӯйи нохуши арақи бадан таъсири олиҷаноб мерасонанд. Аз ҷумла булут ё календула арақи баданро ба зудӣ хушк мекунад. 1 қошуқ решаи дарахти булутро дар як стакон оби ҷӯшида, дар болои оташи паст 15 дақиқа ҷӯшонед ва баъди хунук шуданаш бо ин об ҷойҳои арақмекардаи пӯстатонро тоза кунед.

Барои дар чунин гиёҳоб нигоҳ доштани пойҳо 3 қошуқ пӯсти дарахти булутро ба зарфе андозед ва аз болояш оби ҷӯшида рехта, монед тақрибан як соат истад, баъдан обро полонида, пойҳоятонро 15-20 дақиқа дар он нигоҳ доред.

2 қошуқ гулҳои хушки календуларо дар 1 л оби ҷӯшидагӣ камтар ҷӯшонед, сипас аз дока полонда, поятонро дар ин об нигоҳ доред.

Маслиҳатҳои муфид

Барои он ки атрофиён аз бӯйи арақи бадани шумо гурезон нашаванд, чанд қоидаи одиро риоя намоед.

Аз дезодорант ва антиперспирант истифода баред. Шумо бояд фарқи дезодорантро аз антиперспирант донед. Бӯйи дезодорант бӯйи арақро маҳв месозад, антиперспирант бошад, монеи арақ кардан мегардад. Барои он ки ба саломатиятон зарар нарасад, баъди 8 соати молидани антиперспирант онро шустан лозим аст.

Кӯшиш накунед, ки бӯйи арақро бо атр пинҳон созед. Агар шумо бӯйи арақи бадани худро эҳсос мекарда бошед, донед, ки шахсони дар паҳлӯятон нишаста аз ин бӯйи бад аллакай нафасгир шуда истодаанд.

Даво аз яхдон

Баъзе намудҳои маҳсулот арақкуниро кам ва бӯйи нохушро рафъ месозанд, аз ҷумла, сиркои себин, шарбати лиму ва содаи хӯрока.

Миқдори баробари об ва содаро аралаш карда, ба таги каш ва пошнаи пойҳоятон молед. Шарбати лимӯ пӯстро хушк месозад ва ба микроорганизмҳо имкон намедиҳад, ки афзоиш ёфта, бӯйи нохушро ба вуҷуд биёранд. Шарбати лимӯ барои пӯсти ҳасоси таги каш тавсия дода намешавад, вале барои пошнаи пой айни муддао аст.

Дар 1 истакон об 1 қошуқча содаи хӯрока андохта кобед, антиперспиранти табиӣ омода мегардад.

Оби бисёр нӯшед!

Гигиенаро риоя намуда, оби зиёд менӯшида бошед, арақи шумо бояд бӯйи бад надошта бошад. Бӯйи нохуши бадан нишонаи як қатор бемориҳост. Аз ҷумла:

Ҷӯробҳоятон бӯйи бад мекарда бошанд, донед, ки гирифтори бемориҳои замбӯруғӣ гаштаед.

Бӯйи аммиак доштани арақи бадан гувоҳи бемориҳои ғадуди сипаршакл ва баландшавии қанд дар хун мебошад.

Бӯйи атсетон аксаран аз касалии қанд ва бемориҳои гурда дарак медиҳад.

Бӯйи хлор аз халалёбии кори ҷигар ва гурдаҳо далолат медиҳад.

Бӯйи моҳӣ баъди истеъмоли антибиотик ва бемориҳои рӯдаву меъда пайдо мешавад.

4 маҳсулоте, ки боиси бадбӯӣ мегарданд

Нафароне, ки гӯштро бисёр мехӯранд, назар ба сабзавотхӯракҳо бештар бӯйи бад мекунанд.

Сирпиёз на танҳо даҳонро, балки арақи баданро ҳам бадбӯй месозад.

Одамоне, ки машрубот менӯшанд, арақашон бӯйи ғализ мекунад.

Ҳангоми истеъмоли маҳсулоти соя арақи бадан бӯйи бад мекунад.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД