sebiston july new
Роҳҳои пешгирии акне дар рӯй
918

Акне асосан дар пӯсти равғанин пайдо мешавад. Акне - ин як намуд бемории пӯст мебошад, ки ҳар гуна доначаҳо дар рӯй мебароянд. Сабаби асосии пайдоиши донача дар рӯй - ин барзиёд кор кардани ғадудҳои равғанбарор аст. Наракҳо хурду обдор бошанд, ин нишони бемории узвҳои дохилӣ аст.

Сабабҳои пайдоиши акне дар наврасон инҳоянд:

- ба тозагӣ риоя накардан;

- дер-дер тоза кардани пӯст, ки боиси маҳкам шудани сӯрохиҳои он мешавад;

- истифода аз косметикаи декоративӣ;

- воситаҳои косметикие, ки боиси аллергия ва зиёд шудани чарби пӯст мегарданд;

- антибиотикҳо.

Аз ҳад зиёд зери офтоб қарор доштан пӯстро хушк месозаду дар натиҷа ғадудҳои чарббарор равғани зиёд бароварда, сӯрохиҳои пӯстро маҳкам мекунанд ва ин боиси пайдоиши нарак, яъне акне мегарданд.

Фаромӯш накунед, ки пӯсти равғанинро ҳамеша бояд тоза нигоҳ дошт. Саҳару бегоҳ пӯстатонро нағзакак пок кунед. Ҳеҷ гоҳ бо ангуштонатон наракҳоро зер накунед, вагарна паяш мемонад.

Барои пешгирии акне аз кадом маҳсулот парҳез кардан зарур аст?

1. Рӯятонро бисёр бо собун нашӯед.

2. Хӯрокҳоеро истеъмол кунед, ки дар хун миқдори ками қанд ҳосил мекунанд, яъне индекси пасти гленикелӣ доранд.

3. Аз ширинӣ, донагӣ, маҳсулоти ширӣ, оби газнок, хӯрокҳои тез-тайёр худдорӣ кунед.

4. Бисёртар меваҳои тару тоза ва сабзавот истеъмол намоед.

5. Ғизоҳоеро истеъмол намоед, ки дар таркибашон миқдори зиёди элементи Zn (цинк) ва витамини А дошта бошанд.

6. Инчунин метавонед бештар маҳсулоти баҳриро истеъмол намоед.

Дар ҳолати пайдо шудани акне метавонед зуд ба косметолог ё духтури пӯст муроҷиат кунед.

Ҳамеша зебо бимонед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД