Ман зани 35-солаи шавҳардор ҳастам, пештар аз саломатиам ягон шикоят надоштам, вале имсол бо фарорасии фасли баҳор ба хоришак гирифтор шудам. Шавҳарам як сол боз дар Русия аст, намедонам ин беморӣ аз куҷо ба ман часпид. Илтимос, дар бораи сабабҳои хоришак ва роҳҳои халосӣ аз он каме маълумот диҳед.
М. Г., сокини шаҳри Бохтар
Посух:
- Ба хоришак гирифтор шудан маънои зани бадгашт буданро надорад. Тавре, ки табибон мегӯянд, ҳар як зан дар ҳаёташ ҳеҷ набошад, як-ду маротиба ба ин беморӣ гирифтор мегардад. Таҷриба нишон медиҳад, ки бонувон бештар дар фасли баҳор ба хоришак гирифтор мегарданд.
Систит – илтиҳоби луобпардаи девораи хиччак буда, бештар дар заноне, ки сохти анатомии роҳҳои пешобашон хусусиятҳои хос дорад, ба амал меояд. Бештари вақт ин беморӣ дар фасли баҳору тирамоҳ авҷ мегирад. Дар мардон ин беморӣ камтар зуҳур мекунад. Хавфи ин беморӣ дар паҳн шудани ин уффунат тариқи роҳҳои пешоб ба гурда мебошад.
Омилҳо ва сабабҳои авҷи беморӣ
Систит ду намуд – бактериявӣ ва ғайрибактериявӣ буда, дар бештари ҳолат аз сабаби илтиҳоби масона, яъне хиччак аз бактерияҳо, аз чумла:
• чубаки рӯда – Е Коли, ки тавассути маҷроҳи пешоб ба масона меафтад;
• стафилококкҳо;
• микоплазмаҳо;
• трихомонадҳо ва дигар микроорганизмҳо зуҳур мекунад.
Ҳолати ғайриуффунатии систит бо сабабҳои зерин ба вуҷуд меояд:
• Илтиҳоби масона аз таъсири баъзе доруҳо;
• Гирифтани табобати нурӣ дар мавзеи баччадону масона;
• Илтиҳоб дар ҳолати бемориҳои диабети қанд, санги роҳҳои пешоб ва масона, шамолхӯрӣ.
Аломатҳои систит
Одатан, беморӣ хеле шадид ҷараён гирифта, дар ҳолати шамолхӯрӣ авҷ мегирад. Пешоб зуд-зуд ва кам ба амал омада, сузок зуҳур мекунад, ва ранги пешоб тира гашта, баъзан ҳарорати бадан баланд мешавад.
Табобат
Нахуст, дар ҳолати гирифтор шудан ба бемории систит бояд ҳатман ба духтури уролог муроҷиат карда, аз худтабобаткунӣ даст кашид. Зеро дар ҳолати дер мондан, имкони уфуннат ёфтани гурда, ва узвҳои наздики пешобдон калон аст. Нахустин табобати систит бо антибиотикҳо буда, аз рӯйи зуҳур кардан ва сабаби пайдоиши он антибиотик интихоб карда мешавад.
Пешгирии систит
Бо мақсади паст кардани хатари систит, ва такроран бемор шудан ба он, духтурони уролог тавсия медиҳанд, ки:
• Ба қадри кофӣ оби гарм нӯшед;
• Шарбату оби клюкваву брусника истеъмол намоем;
• Алафчойи зидди илтиҳобӣ истифода баред;
• Ба тозагии шахсӣ риоя намоед.
Дар масъалаи мубориза бо хоришак бошад, ҳаминро гуфтанием, ки ҳар як намуди инфексия табобати саривақтиро металабад. Аз ҳамин хотир, занону духтарон бо мушоҳида намудани нишонаҳои аввалини хоришак аз қабили тез-тез пешоб кардан, пайдо шудани хориш дар узвҳои ҷинсӣ, эҳсоси дард ва нороҳатӣ, бояд фавран ба табиби амрози занона муроҷиат кунанд. Худтабобаткунӣ маслиҳат дода намешавад. Барои пешгирии хоришак аз пӯшидани либосҳои таҳпӯши танг ва синтетикӣ худдорӣ намуда, кӯшиш намоед, худро аз шамол кашидан эмин нигоҳ доред. Боқӣ ба шумо саломатӣ хоҳонем!