Formula novemver 2024
Роҳҳои осони нест кардани ожангҳои зери чашм дар шароити хона
1490

Пӯсти гирду атрофи чашм тунук ва нозук буда, зуд ожанг пайдо мекунад. Вақте шумо ғизои носолим истеъмол мекунед, хоби дуруст намеравед ё ороиши рӯятонро бо маҳлулҳои зарарнок тоза мекунад, ин ба ҳолати пӯсти атрофи чашмон таъсири манфӣ мерасонад. Имрӯз мо ба шумо дар бораи роҳҳои халосӣ аз ожангҳои атрофи чашмон маълумот медиҳем.

Муъҷизаи ниқобҳои хонагӣ

Бо истифода аз ниқобҳои хонагӣ шумо метавонед пӯсти атрофи чашматонро нарму маҳин гардонида, чинҳои хурди атрофи чашмонро бартараф кунед. Ниқобҳои хонагӣ ҳамчунин пӯстро сафед карда, осори хастагиро рафъ менамоянд.

Ниқоб аз тухм

1 қошуқ зардии тухм, ним қошуқча крахмал ва какао, 4-5 қатра равғани растаниро хуб омехта кунед. Рӯятонро тоза шуста, малҳамро молед ва 30 дақиқа нигоҳ дошта, баъдан бо оби ширгарм бишӯед.

Ин амалро дар 1 ҳафта 2 маротиба анҷом диҳед, ожангҳои зери чашмонатон нест мешаванд.

Дар як шабонарӯз камтар аз 7-8 соат хоб рафтан, рӯзи дароз назди компютер нишастан, истеъмоли ғизои носолим, ба ҳавои тоза набаромадан ва витамин нахӯрдан бар зарари зебоӣ аст, бинобар ин, одатҳои бади худро партофта, кӯшиш намоед, ки аз хоб сер шавед ва бештар меваю сабзавоти тару тора истеъмол намоед.

Истифодаи ниқобҳо барои халос шудан аз ожангҳои атрофи чашм фоида надорад, агар шумо доруҳои асабро бисёр истеъмол кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД