Arzon march 2024
Роҳҳои осони ба иҷора гирифтани хона дар Россия
3155

 

Роҳҳои осони ба иҷора

гирифтани хона дар Россия

  1. Ҷустуҷӯйи хона дар мулки ғурбат-мушкили №1-и муҳоҷирон
  2. Иҷорахонаи ба ҷойи коратон наздиктар ҷӯед, агар...
  3. Роҳҳои ҷустуҷӯйи иҷорахона тариқи сомонаҳои рекламавӣ
  4. Реелторҳо дар ёфтани хонаи иҷора кӯмак мекунанд, вале...
  5. Нозукиҳои иҷора гирифтани хона дар Россия
  6. Шартномаи иҷораи манзил чӣ тавр баста мешавад?
  7. Соҳибхона ба иҷоранишин кадом ҳуҷҷатҳоро бояд нишон диҳад?
  8. Ҳуҷҷатҳои лозима барои ба иҷора гирифтани хона
  9. Тартиби қайд дар манзили иҷора
  10. Тарзи дурусти супурдани хонаи иҷора ба соҳибаш

 

Ҷустуҷӯйи хона дар мулки

ғурбат-мушкили №1-и муҳоҷирон

Аслан ҷустуҷӯи манзили иҷора ба сари худ кори хеле мушкил ва асабхаробкунанда аст, агар шумо ғариб ва муҳоҷири меҳнатӣ бошед, мушкилатон дучанд мегардад. Барои муҳоҷир ёфтани иҷорахонае, ки ҳам аз лиҳози нарх ва ҳам аз назари шароит хуб бошад, кори саҳл нест ва баъзан танҳо ранги дигар доштани мӯю чашмони иҷораҷӯянда боис мешавад, ки соҳибхонаҳо аз иҷора додани манзилашон ба ин шахс худдорӣ намоянд. Аз ҳамин хотир мо қарор додем дар бораи роҳҳои осон ва бехатари ёфтани иҷорахона дар Федератсияи Россия маълумот диҳем.

Иҷорахонаи ба ҷойи коратон наздик ҷӯед, агар...

Муҳоҷир бояд пеш аз ҳама андеша намояд, ки маҳз дар кадом ноҳия ва чи гуна хонаро ба иҷора гирифтан мехоҳад ва оё имконияти иқтисодии пардохти маблағи иҷораро дорад. Бояд қайд кард, ки аксари муҳоҷирон то нимаҳои шаб кор мекунанд, агар шумо ҳам аз ҳамон тоифа бошед, беҳтараш хонаи ба ҷойи коратон наздиктарро ба иҷора бигиред, чунки дар аксари шаҳрҳои Россия мушкилоти танбашавии роҳҳо вуҷуд дорад ва агар иҷорахона дур бошад, ба кор дер монда, шумо натанҳо гап мешунавед, балки зарари иқтисодӣ низ мебинед.

Мушкили дигар афтидан ба доми қаллобон ҳангоми ҷустуҷӯйи хона аст. Аз содагию зудбоварии муҳоҷирони меҳнатӣ истифода бурда, баъзе мардумфиребон бо ваъдаҳои хом дар бораи ёфтани иҷорахонаи арзон пули онҳоро кашида мегиранду баъд бе ному нишон ғайб мезананд. Барои он ки ба доми қаллобон наафтед, беҳтараш аз роҳҳои санҷидашудаи ҷустуҷӯи манзили иҷора истифода баред.

Ҷустуҷӯйи иҷорахона тариқи

сомонаҳои рекламавӣ

Мустақилона манзили иҷораро шумо метавонед бо кӯмаки сомонаҳои зерини рекламавӣ пайдо намоед:

  1. ЦИАН
  2. Авито
  3. Яндекс. Недвижимость
  4. Локалс.

Се сомонаи аввал дорои базаи хеле калони маълумотҳо дар бораи хонаҳои фурӯшӣ ва ба иҷора дода шаванда буда, ройгон мебошанд, вале дар байни садҳо эълон кас саргум зада, намедонад кадомашро интихоб намояд. Мушкили дигар он аст, ки хонаҳои бе миёнарав ба иҷора дода шаванда дар байни эълонҳои бисёр гум мешаванд, аниқтараш чунин хонаҳоро дар чанд соати аввал дарҳол ба иҷора мегиранд ва бештар хонаҳое мемонанд, ки риэлторҳо аз соҳибони аслиашон ба иҷора гирифта, бо зам кардани ҳиссаи худ дубора ба иҷора медиҳанд. Табиист, ки нархи хонаи иҷора дар ин ҳолат хеле боло меравад.

Локалс-сомонаи пулакӣ аст, вале эълонҳои он тартиби муаяни худро доранд. Хонаҳое, ки соҳибонашон бидуни миёнарав ва хизмати коммисионӣ ба иҷора медиҳанд, бо ранги сабз ишорат карда шудаанд.

Риэлторҳо дар ёфтани хона кӯмак мекунанд, вале...

Манзили иҷораро ҳамчунин бо кӯмаки риэлторҳо ва ширкатҳои махсусе, ки бо масъалаи хариду фурӯш ва иҷораи хона машғуланд, пайдо кардан мумкин аст, вале шумо бояд танҳо ба шахсоне, ки дар ин соҳа таҷрибаи кофӣ доранд, муроҷиат намоед, то ба доми фиреб гирифтор нашавед. Барои фиреб нахӯрдан:

  1. Назари дигаронро дар интернет доир ба фаъолияти ширкати риэлторӣ ҷустуҷӯ намоед ва аниқ кунед, ки ин ширкат расман ба қайд гирифта шудааст ё не.
  2. Ҳангоми вохӯрӣ бо риэлтор ба гуфтору рафтораш диққат диҳед, агар дар ҳақиқат бо масъалаи иҷораи хона сару кор дошта бошад, риэлтор ҳатман мепурсад, ки шумо-иҷорагирандагон чанд нафар ҳастед ва оё кӯдакони хурдсолу ҳайвонҳои хонагӣ доред ё не.
  3. Риэлтори ҳақиқӣ тартиби ба иҷора гирифтани хонаро хуб медонад ва масъаларо ба зудӣ ҳал карда, барои ин хизматаш аз шумо маблағи муайян мегирад, вале пеш аз бастани шартномаи иҷораи хона бо соҳибмулк аз шумо маблағ пул намекунад.  

Нозукиҳои иҷора гирифтани хона дар Россия

Шумо хонаи ба худатон муносибро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ё сомонаҳои рекламавӣ пайдо кардед? Кӯшиш кунед фаҳмед, ки оё дар асл чунин хона вуҷуд дорад ё ин танҳо доми фиреб аст. Чанд аломате ҳаст, ки ба “фейк”будани эълон ва доми фиреб буданаш ишорат мекунад:

  1. Арзон бе иллат нест!

Шумо садҳо эълонро дида фаҳмидед, ки нархи иҷораи хона тахминан 18-25 ҳазор рубл аст, вале якбора чашматон ба эълони хонае меафтад, ки ҳамагӣ бар ивази 7-8 ҳазор рубл иҷора дода мешавад. Хурсанд нашавед, зеро шояд дар асл чунин хона вуҷуд надошта бошад ва танҳо ба хотири аҳмақ кардани иҷораҷӯёндагон ва кор кардани пули муфт ин эълонро ҷой кардаанд ё ин хона ба дараҷае вайрона аст, ки дар он аслан зиндагӣ карда намешавад.

  1. Талаб кардани пешпардохт, қабл аз дидани хона

Талаби соҳибхона дар бораи пешпардохт кардани иҷорапулӣ барои “банд” кардани хона, қабл аз бастани шартномаи иҷора шубҳаовар аст, зеро аксаран маҳз шахсони ҳанноте, ки дар асл ба хонаи дар эълон нишон дода шуда ягон робита надоранд, чунин эълонҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои рекламавӣ ҷойгир мекунанд ва баъди он ки иҷораҷӯяндаи содадилу зудбовар пулро ба суратҳисоби зикршуда гузаронд, телефонашонро хомӯш карда, ғайб мезананд.

  1. Мавҷуд набудани сурати хонаи ба иҷора дода шаванда дар эълон.

Аксари хонаҳое,ки эълонашон сурат надорад, дар асл вуҷуд надоранд. Бештар чунин эълонҳоро танҳо ба хотири ба дом афкандани иҷораҷӯён ва кор кардани пули муфт ҷой мекунанд.

Шартномаи иҷораи манзил

чӣ тавр баста мешавад?

Бо соҳибхона шартнома набаста манзилеро ба иҷора гирифтан ҳам барои иҷорагиранда ва ҳам барои шахсе, ки хонаашро ба иҷора медиҳад, хавфнок аст. Дар ин ҳолат шаҳрванди хориҷӣ-муҳоҷир наметавонад худро дар манзили ба иҷора гирифтааш дар қайд гузорад ва маҷбур мешавад, ки роҳҳои дигари ҳалли ин масъаларо ҷустуҷӯ намояд, ба соҳибхона бошад, ҷарима таҳдид менамояд. Аз ҳамин хотир кӯшиш кунед, ки бо соҳибхона шартномаи хаттӣ баста, хонаро бо роҳи қонунӣ ба иҷора бигиред. Дар шартномаи иҷораи манзил бояд масъалаҳои зерин ҳатман зикр карда шаванд:

  1. Мӯҳлати амали шартномаи иҷораи хона
  2. Маблағи моҳонаи иҷораи манзил ва санаи пардохти иҷорапулӣ
  3. Маблағи гарав-залог
  4. Тартиби кӯчидан ё кӯчонидан аз иҷорахона (Соҳибхона бояд чанд рӯз пеш иҷоранишинро огоҳ кунад, ки хонаашро ба каси дигар иҷора медиҳад, иҷорашинин дар навбати худ чанд рӯз пеш дар бораи ба манзили дигар кӯчиданаш бояд ба соҳибхона хабар диҳад)

Диққат!

Пеш аз ворид шудан ба манзили иҷора масъалаҳои зеринро ҳал кардан лозим аст:

  1. Тамоми ҷиҳози дар хона бударо, ки моликияти соҳибхона ҳастанд, ба рӯйхат гирифта, аксашонро дар телефони худ бигиред, то дар кадом ҳолат қарор доштанашон маълум бошад. Ин кор ба он хотир зарур аст, ки баъдан соҳибхона бо баҳонаи вайрон кардани ин ё н ҷиҳози рӯзгор аз шумо маблағи иловагӣ талаб накунад.
  2. Нишондодҳои ҳисобкунаки барқ ва обро дар телефони худ чунон сурат бигиред, то рақамҳояш маълум бошанд. Соҳибхона бояд қарзи барқ ва оби истифода бурдаашро худаш пардохт намояд ва вақти ҳисобу китоб ин нишондодҳо ба шумо зарур мешаванд.
  3. Хона таъмир надошта бошад, пешакӣ бо соҳибхона маслиҳат кунед, ки агар шумо хонаро аз пули худатон таъмир намоед, маблағи сарф кардаатонро ҳамчун иҷорапулӣ ҳисоб мекунед ё не ва дар сурати розигӣ доданаш забонхаташро бигиред.
  4. Вақте ба соҳибхона пул медиҳед, ҳатман забонхаташро бигиред. Маблағро тариқи электронӣ ба суратҳисоби соҳибхона мегузаронида бошед, расид-чеки пардохти маблағро нигоҳ доред.
  5. Фаромӯш накунед, ки ба шартномаи иҷораи манзил ҳам соҳибхона ва ҳам иҷоранишин бояд имзо гузошта, розигии худро ба шартҳои иҷора тасдиқ намоянд.

Соҳибхона ба иҷоранишин кадом

ҳуҷҷатҳоро бояд нишон диҳад?

Барои он ки дар оянда байни шумо ва соҳибхона ягон нофаҳмӣ ба миён наояд, аз соҳиби хона нишон додани ҳуҷҷаҳои зеринро талаб намоед:

  1. Шиноснома,
  2. Маълумотнома дар бораи он ки хона маҳз ба ҳамин шахс тааллуқ дорад.
  3. Забонхати аъзоёни оила дар бораи он ки розӣ ҳастанд манзили зисташон ба иҷора дода шавад.
  4. Хона чанд соҳибмулк дошта бошад, розигии хатии тамоми соҳибонашро гирифтан лозим аст, то ки баъд ба сари шумо омада, масъалаи холӣ кардани хонаро ба миён нагузоранд.

Ҳуҷҷатҳои лозима барои

ба иҷора гирифтани хона

Иҷорагиранда (шаҳрванди хориҷӣ, муҳоҷир) дар навбати худ бояд ба соҳибмулк ҳуҷҷатҳои зеринро пешкаш намояд:

  1. Шиноснома
  2. Корти муҳоҷиратӣ
  3. Қайди макони зист- Регистрация.

хона дикат 2

 

Диққат!

Сарфи назар аз он ки иҷорагиранда пештар ба қайди муҳоҷиратӣ гирифта шудааст, баъди ба макони нав кӯчидан соҳиби хонаи ба иҷора дода шуда ё наздиконаш бояд ҳатман ба Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД-и Россия дар бораи шаҳрванди хориҷиро дар манзили худ иҷора шинонданашон маълумот дода, нусхаи шиноснома ва қайди муҳоҷиратии ӯро пешкаш созанд. Аз соҳибхона низ барои ба қайд гирифтани шаҳрванди хориҷие, ки дар манзилаш иҷора нишастааст, шиноснома ва ҳуҷҷати манзилро талаб мекунанд.

Тартиби бақайдгирӣ дар манзили иҷора

Мавҷуд будани шартнома иҷораи манзил ба муҳоҷир имконият медиҳад, ки худро дар хонаи ба иҷора гирифтааш ба қайд гузорад. Барои ин дар мӯҳлати 7 рӯз баъди бастани шартномаи иҷораи манзил ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кардан лозим аст:

1. Ариза дар бораи ба қайд гузоштан дар манзил

2. Шартномаи иҷораи манзил

3. Шиноснома

4. Иҷозатномаи муввақатии зист РВП ё иҷозаи зист дар қаламрави Федератсияи Россия-ВНЖ, агар бошад.

5. Расид дар бораи супурдани боҷи давлатӣ (350 рубл)

Диққат!

Соҳибхона ҳуқуқ надорад, ки шаҳрванди хориҷиро бештар аз 90 рӯз дар манзилаш дар қайд гузорад, агар шаҳрванди хориҷӣ барои буду боши аз ин бештар дар Федератсияи Россия иҷозатномаи расмӣ надошта бошад.

Хона дикат 1

Тарзи дурусти супурдани

хонаи иҷора ба соҳибаш

Мӯҳлати шартномаи иҷораи манзил ба охир расида бошад ё шумо манзили дигар пайдо карда кӯчидан хоҳед, барои он ки баъди рафтанатон байни шумо ва соҳиби хона ягон нофаҳмӣ сар назадад:

  1. Ақаллан як ҳафта пеш соҳибхонаро огоҳ созед, ки нияти кӯчидан доред, то ки иҷоранишини дигар биҷӯяд.
  2. Тамоми ҷиҳози рӯзгорро, ки вақти омаданатон ба рӯйхат гирифта будед, ба соҳиби хона нишон диҳед ва коршоям буданашонро исбот намоед.
  3. Пули барқу оби истифода бурдаатон ва дигар хароҷотҳои коммуналиро супурда, расид-чеки пардохти маблағро ба соҳибхона нишон диҳед.
  4. Дар бораи бекор шудани шартномаи иҷораи манзил ҳуҷҷат тартиб дода, забонхати соҳибхонаро дар хусуси ба пуррагӣ пардохт кардани маблағи иҷора дар мӯҳлати зиндагӣ карданатон дар хонаи ӯ бигиред.
  5. Худро дар ҷойи дигар дар қайди муҳоҷиратӣ гузоред, зеро баробари ба охир расидани шартномаи иҷораи манзил ва супурдани хона ба соҳибаш шуморо ба таври автоматӣ аз қайд мебароранд.
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД