Бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон имрӯз дар меҳмонхонаи “Кроун плаза”-и пойтахт конфронси миллӣ таҳти унвони “Ҷалби диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар” баргузор гашт.
Дар кори конфронс муовини сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода, намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, намояндагони диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ, коршиносон, соҳибкорон, олимон ва дигар чеҳраҳои шинохта иштирок карданд.
Конфронс ба фароҳам овардани заминаи мусоиди муколама, таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба ва роҳҳои нави ҷалби иқтидори диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба рушди устувори кишвар бахшида шуд.
Таъкид гардид, ки диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун бахши муҳими ҷомеаи тоҷикон дар хориҷи кишвар метавонанд дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва сармоягузории Тоҷикистон саҳми назаррас гузоранд.