Бо сабаби дар пойтахти кишварамон баргузор гаштани як қатор чорабиниҳои муҳим бо иштироки меҳмонони хориҷӣ давоми ду рӯз, яъне 4-5 июн ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе маҳдуд карда мешавад.
Аз ҷумла имрӯз, 4 июн дар кӯчаҳои Мастонгулов, Аҳмади Дониш, хиёбонҳои Садриддин Айнӣ ва Рӯдакӣ ҳаркати нақлиёт аз соати 13:30 то 17:00 маҳдуд мегардад.
Пагоҳ, 5 июн аз соати 8.00 то 15.00 ҳаракати нақлиёт дар хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ, Рӯдакӣ, кӯчаҳои Аҳмади Дониш ва Мастонгулов маҳдуд хоҳад гашт.