Дар ҷомеаи суннатии мо на ба ҳар зан имконият даст медиҳад, ки озодона байни ҷамъият баромада, кору фаъолият намояд.
Албатта Тоҷикистон кишвари ҳуқуқбунёд ва демократӣ буда, солҳои охир фикру андешаи мардон то андозае дигаргун гаштааст, аммо на дар ҳар оила демократия ҳукм меронад.
Занҳое, ки дар оилаҳои сахтгир умр ба сар мебаранд, оё ягон роҳи осони пул кор кардан доранд ё не?
Зан дунёро меларзонад, агар...
“Зан бо як даст гаҳвораю бо дасти дигар дунёро такон медиҳад” гуфтаанд. Дар ҳақиқат зан агар хоҳад, ҳатто аз манзилаш берун набаромада, метавонад бо кору мфаъолияте машғул шавад, ки ҳам барои худаш, ҳам барои хонаводааш ва ҳам ба ҷомеа фоиданок бошад. Манзурам он аст, ки занҳои хонашин ба ҷойи суҳбаҳои дурударози телефонӣ бо дугонаҳо ва хешу табор метавонанд бо воситаи интернет ба тиҷорати хурд машғул шуда, фоида ба даст оваранд. Фарида чи тавр дар хона нишаста пул кор мекунад?
Ин баҳор аз сабаби серкорӣ натавонистам ба бозор рафта пойафзоли лозимии худамро харидорӣ кунам. Ба духтархолаам рози дил кардам, маслиҳат дод, ки аз интернет пойафзол харам.
Норозиёна гуфтам, ки гарон будагист, вале гуфт, ки баръакс арзонтар аст. “Фармоиш медиҳӣ, оварда ба хонаат мерасонанд, агар маъкул нашавад, ҳаққи роҳкироро медиҳию халос”-фаҳмонд холадухтарам. Ҳамин тавр ба бозорҳои интернетӣ дааромада пойафзол интихоб кардам ва фармоиш додам. Ҷавонзани савдогар, ки Фарида ном доштааст, ваъда дод, ки пас аз се рӯз пойафзоли дилхоҳи ман ба дастаммерасад. Бароям аҷиб шуд, ки чаро баъди се рӯз.
Фарида оромона фаҳмонд, ки ӯ дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекунад ва тарики вотсап, телеграмм ва дигар месендҷерҳо молҳояшро ба савдо мебарорарду барои ба шаҳри Душанбе расонидани бор 3 рӯз вақт лоим аст. “молҳои фармоиш шударо ман а ҳамкоронам мефиристам, онҳо ба манзилатон бурда мерасонанд” –маро дилпур кард Фарида ва дар ҳақиқат дарв ақти ваъдагӣ бор ба дастам расид.
Муаллима аз фурӯши косметика бой шуд.
Ин мавзӯъ бароям ҷолиб намуда аз пайи ҷустуҷӯи чунин занҳо шудам. Сураё Шерзода, қаҳрамони дигари мо дар саҳифаҳои интернетӣ ба фурӯши маводҳои касметологӣ машгул аст. Ин зан зиёда аз 15 сол дар мактаб ба сифати муаллимаи фанни алгебра кор кардааст, вале бо амри сарнавишт баъдан маъюб ва хонашин мешавад. Ӯ ба тақдир тан надода, ба кори интернетӣ гузаштааст. Сурайё Шерзода имрӯзҳо дар хона нишаста наздики ду ҳазор маош мегирад. Қаҳрамони мо мегӯяд, дар расонидани маҳсулоти косметологӣ ба мизоҷонаш духтараш ба ӯ кӯмак мерасонад. Ба қавли апаи Сурайё зан, агар кор кардан хоҳад, касеву чизе наметавонад монеъаш гардад, ҳатто маъюбӣ ҳам...
Асрори торҳои бозаллати Манижа
Қаҳрамони дигари мо Манижа ном дошта, ҳунари дасташро ба савдо мебарорад. Дар омад-омади иду маросимҳо барои харидани торт ва шириниҳои хонагӣ дар паси хонаи Манижа одамони зиёде навбат меистанд. Ӯ ширинҳои пухтаашро дар вотсапу телеграм ва дигар сомонаҳои иҷтимоӣ монда, бо шарофати дастони пурҳунараш дар хона нишаста, ризқу рузиашро меёбад.
Зан, агар оташ намешуд....
Шоири маъруфи тоҷик, устод Мирзо Турсунзода беҳуда нагуфтааст:
Зан, агар оташ намебуд, хом мемондем мо,
Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо.
Дар ҳақиқат зан мисли оташ нерӯи бузурге дорад, фақат тарзи истифорда бурдани дониш, маҳорат ва ҳунари худро бояд донист. Шумо ҳамметавонед ба мисли қаҳрамонҳои мо бо ёрии интернет бо тиҷорати хонагӣ машғул шуда, фоида ба даст биёред вавазъи молиявии худу аҳли оилаатонробеҳтар гардонида, ҳамзамон ба ҷомеа суд расонед. Роҳҳои дар хона нишаста пулк ор кардан зиёданд, танҳо барои ин майлу хоҳиш ва кӯшишу ғайрати зан зарур асту халос.