Formula novemver 2024
Роҳҳои ҷавону зебо шудани зан бо кумаки витаминҳо
21.04.2024
ОИЛА.ТҶ
422

 

Вақте ҷисми инсон аз норасоии витаминҳо азият мекашад, осорашро дар пӯсти рӯй баръало дидан мумкин аст. Аксаран норасоии витаминҳо дар фасли баҳор ба авҷи аъло мерасад, бинобар ин, дар ин айём шумо бояд ба пӯстатон ёрӣ расонед, то ки нафосату зебоияшро аз даст надиҳед.

Норасоии витаминҳоро аз пӯстпартоӣ ва сурхшавии пӯст, ҳамчунин пайдо шудани доғҳои пигментӣ дар пӯсти рӯй фаҳмидан мумкин аст. Рафту сурхшавии пӯсти рӯй бо косметика ва фишори руҳӣ алоқаманд бошад, баъди иваз кардани маводи косметикӣ ва ором шудани асабҳо он ба ҳолати пештарааш бармегардад. Вақте ки иллат дар норасоии витаминҳост, то онро барқарор насозед, чеҳраи шумо ҳусну тароват пайдо намекунад. Инак, барои зебо шудан чӣ бояд кард?

Субҳу шом ба пӯсти рӯятон малҳамҳои витаминдор (сыворотки) молед. Малҳамҳои дорои витамини Е (барои тамоми намуди пӯст, хусусан пӯсти ҳасос), витамини А – ретинол (тамоми намуди пӯст, хусусан пӯсти калонсол ва мушкилот дошта), малҳами дорои спирулин (барои муқаввӣ сохтани пӯсти одамони калонсол), малҳами дорои прополис (барои пӯсти равғанин), витамини С (сафед сохтани пӯсти тираву доғзада).

Витамин хӯред!

Танҳо молидани малҳамҳои витаминдор ба пӯсти рӯй кифоя нест, шумо бояд хӯрокҳои витаминдор истеъмол кунед. Тиамин (В1) пиршавии бармаҳалро пешгирӣ мекунад ва бештар дар таркиби маҳсулоти донагӣ, моҳӣ, гӯшт, хамиртуруш, орди ҷав мавҷуд аст.

Рибофлавин (В2) ранги пӯстро ботароват ва доғҳоро тоза карда, дар таркиби помидор, ҷигар, тухм, маҳсулоти ширӣ ва меваҳои шафтолу ва нок зиёд аст.

Пиридоксин (В6) – нараки пӯстро табобат мекунад, дар таркиби банан, моҳии равғанин, биринҷ, авокадо, гандуми сабз вуҷуд дорад.

Сианокобаламин (В12) – ба ҷавоншавии пӯст мусоидат намуда, дар таркиби гӯшти гов, помидор, маҳсулоти ширӣ вуҷуд дорад.

Ҷавҳари аскорбин (витамин С)- пӯстро ҷилло мебахшад, рагчаҳоро пурқувват мекунад ва яраву захмҳои хурди пӯстро шифо мебахшад. Дар таркиби меваҳои ситрусӣ, смородинаи сиёҳ, малина хуч ва карами турш ин витамин хеле зиёд аст.

Витамин D- пиршавии пӯстро пешгирӣ, сурхиву хоришро рафъ месозад. Дар таркиби моҳӣ, тухм, равғанмоҳӣ вуҷуд дорад.

Витамин Е-аз таъсири зарарноки нурҳои офтоб ҳифз мекунад. Норасои онро бо истеъмоли равғанҳои растании офтобпараст, зағир, каду, зайтун, ҷуворимакка барқарор сохтан мумкин аст.

Витамин К-варам, доғҳои пигментию кунҷитакро рафъ намуда, дар таркиби карам ва маҳсулоти нонӣ зиёд аст.

Витамини РР- ранги пӯстро беҳтар месозад, ҳамчунин таъсири муҳофизатӣ дорад. Дар таркиби ҷуворимакка, оби ҷав, гӯшти гов, гандум, марҷумак вуҷуд дорад.

Биотин (витамин Н) қувваи муҳофизатии пӯстро зиёд месозад. Онро аз таркиби зардиҳои тухм, маҳсулоти ширӣ ва гӯшт пайдо кардан мумкин аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД