Sebiston new 2024 october
Роҳҳои ҳамвор кардани чинҳои пешонӣ
15.12.2024
ОИЛА.ТҶ
661

Чинҳои пешонӣ ду намуд мешаванд: якеаш дар шакли хатҳои амудӣ байни абрӯвон ва дигараш мисли хати уфуқӣ аз мӯйҳои пешонӣ поёнтар пайдо мешавад.

Одатан чинҳо бо рафтани синну сол бо сабабҳои сустшавии чандирии пӯст, заифии мушакҳо, таъсири нури офтоб, ғизои нохуб ва носолим будани тарзи ҳаёт пайдо мешаванд. Чинҳои пешонӣ дар нафарони эҳсосӣ назар ба касони оромтабиат тезтар ба вуҷуд меоянд. Сабаб дар ҳаракати номураттаби пешонӣ аст.

Мубориза бо чинҳо

Ҳангоми гуфтор ба мимикаи худ диққат диҳед, абрӯ чин накунед, қавоқ нагиронед. Пӯсти рӯятонро дуруст нигоҳубин намоед, воситаҳои косметикиро мувофиқи синну соли худ истифода баред. Пӯстатонро ҳар рӯз саҳару бегоҳ тоза карда, малҳамҳои ҳифзкунанда, нармкунанда ва ғизобахш молед. Аз малҳамҳое истифода баред, ки дар таркибашон коллаген ва ҷавҳари гиалурон дошта бошанд. Аз усулҳои тибби халқии бар зидди ожангҳои рӯй низ истифода бурдан мумкин аст. Дар рӯзҳои офтобӣ ҳатман айнак пӯшед. Аз малҳами аз офтоб ҳифзкунанда истифода бурдан аз манфиат холӣ нест.

Ниқоби ширию картошкагӣ

Ниқоби мазкур мушакҳои пӯсти рӯйро қавӣ месозад. Картошкаро бо пӯсташ дар об пухта кӯбед ва ба он як қошуқча равғани зайтун ё глитсерин, шир ё қаймоқ (сметана) илова карда, малҳамро ба рӯятон моледу маҳс кунед. Ниқобро боз ба рӯятон молида, бо обчинак (салфетка) пӯшонед ва 20 дақиқа мунтазир шуда, баъдан шӯед.

Малҳам - мушкоби асалӣ

Барои малҳам 1 қошуқча асал ва 100 мл саршир (сливки) лозим аст. Асалу сарширро то яклухт шуданаш омезеду як қошуқ шарбати лимӯ ва як қошуқ оби муқаррарӣ илова кунед. Малҳам –мушкобро бегоҳ барои пок кардани пӯстатон ба рӯятон молед.

Гимнастикаи зидди ожанг

Машқи 1. Дар болои миз назди оина нишаста, оринҷатонро болои миз гузоред. Болиштаки ангуштонатонро дар пешонӣ қад-қади хати мӯйҳоятон гузошта, пӯстатонро эҳтиёткорона боло кашеду каме нигоҳ доред. Андаке пӯстро фишор диҳед. Дар баробари ин, чашмонатонро пӯшеду пӯсти пешониро поён кашед. Пӯсти пешониро дар ҳамин ҳолат нигоҳ дошта, то се шуморед, баъдан оҳиста сар диҳед. Акнун озодона нафас кашида, асабҳоятонро ором намоед.

Машқи 2. Барои мушакҳои болои пешонӣ ва поёни он

Чашмонатонро калон кушоед. Абрӯвонатонро баланд бардоред. Машқро 10-12 бор иҷро намуда, суръатро тезонед.

Машқи 3. Ангуштони ҳарду дастонатонро ба пешонӣ расонида, пӯсти пешониро ба поён кашед. Дар ҳамин ҳолат бо ёрии мушакҳои болои пешонӣ абрӯвонатонро боло бардоред. Машқро 5-6 маротиба иҷро кардан лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД